Афифа Орзу — Афғонистон — Олмон

Ғуруб…

Вақте ту рафтӣ,

Ман мондаму ғам.

Ҷону ҷаҳонам,

Пур гашт зи мотам.

Вақте ту рафтӣ,

Рӯйи лабонам,

Лабханд хушкид,

Дар боғи қалбам.

Гулҳои умед,

Зард гашт,

Пўсид.

Вақте ту рафтӣ,

Дунёи пурҷўш,

Тор гашту хомӯш.

Гаштам ҳайрон,

Чун шамъ гирён.

Чун шуъла ларзон.

Вақте ту рафтӣ,

Рӯҳ дар тан афсурд,

Ҷон дар бадан мурд.

Он дил, ки пур аз орзу буд,

Ором ором,

Дар сина пажмурд.

***

 Поиз  

Боз поиз асту сард,

Боз таҷаллӣ гашта ҳар су ранги зард.

Баргҳо аз шохаҳо гаштанд ҷудо,

Боз рехтанд бар замини сард,

Ором, бесадо.

Боз урён гашт дарахти сабзпўш,

Булбул афтод боз аз ҷўшу хурӯш.

Ҳар тараф орому сокит,

На дигар ояд садое,

На дигар шӯру навое.

Аз сарвару шодмонӣ,

Ҳеҷ намонда,

Ҷойи пойе.

Боз дил дорад фиғон,

Боз менолад зи ҳиҷри гулситон,

Улфате ҳаргиз надорад бо хазон.

Аз баҳори ноз,

Мегирад нишон.

***

 Мегузарад…

Ин ҳам мегузарад,

Мисли ҳар лаҳзаи талхе, ки гузашт,

Мисли он рӯзҳои шуме, ки гузашт.

Мисли к шоми ғамангезу сиёҳ,

Мисли ғурбат, ки маро карда табоҳ.

Ин ҳам мегузарад,

Лаҳзаҳо мегузарад.

Рӯзҳо, ҳафтаву моҳ,

Пай дар пайи солҳо.

Ман надонам, ки чӣ сон мегузарад,

Ман надонам, ки чаро мегузарад.

Ман ҳамедонаму бас,

Ки чӣ тоқатфарсо,

Лаҳзаҳо мегузарад,

Умри ман мегузарад.

Ман надонам, ки чаро омадаам,

Баҳри чию зи куҷо омадаам.

Баҳри такрори замон,

Баҳри оворагӣ дар гирди ҷаҳон.

Баҳри беҳудагию дарбадарӣ,

Баҳри нолидан ва ё шиквагарӣ.

Лек ин нуктаро хуб медонам,

Ки дар ин ҷодаи пурпечи замон,

Ҳамсафар гашта маро дарду фиғон,

Посухе нест маро,

Ки чунин ё ки чаро,

Умри ман мегузарад.

عفیفه آرزو- افغانستان- آلمان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *