Таҳримҳои СММ зидди Гулмурод Ҳалимов
Шӯрои амнияти СММ таҳримҳои худ зидди Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро дубора тамдид кард. Дар рӯйхати нави таҳримшудаҳо аз Ҳалимов ҳамчун “мушовири низомӣ ва сарбозгир”-и гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИ) ном бурда шудааст.
“Рӯйхати таҳримшудаҳо бар пояи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ” 20 август дар шакли нав нашр шуд. Он дар 6 моҳ як бор такмил мешавад.
Дубора зери таҳрим қарор гирифтани Ҳалимов маънои онро дорад, ки Шӯрои амнияти СММ кушта шудани ӯро тасдиқ намекунад. Тибқи қоида, аз рӯйхат шахсоне хориҷ карда мешаванд, ки кушта шудаанд.
Вазорати мудофиаи Русия моҳи сентябри соли 2017 эълон кард, ки Ҳалимов дар натиҷаи як ҳамла дар минтақаи Дайр-аз-Зори Сурия кушта шудааст. Манобеи дигар дертар гуфтанд, ки ӯ танҳо захм бардоштааст.
Шӯрои амнияти СММ соли 2015 зидди афрод ва гуруҳу созмонҳое таҳрим эълон кард, ки бо ДИ ё «ал-Қоида» робита доранд. Таҳримҳои СММ кишварҳои узвро вазифадор мекунад, ки аз додани ҳамагуна силоҳу муҳимот, қисмҳои эҳтиётӣ ва кумаку омӯзишҳои низомӣ ба таҳримшудаҳо худдорӣ карда, суратҳисоб, дороиҳо ва воситаҳои иқтисодии марбут ба онҳоро ба ҳабс бигиранд.
Ёдрас мешавем, Гулмурод Ҳалимов тобистони соли 2016 «вазири ҷанг»-и ДИ интихоб шуда буд. Худи он сол ИМА барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин кард.
Ҳалимов нахустин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки зери таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ қарор мегирад. Ӯ моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳи майи ҳамон сол дар навори таблиғотии ДИ пайдо шуд ва эълон кард, ки ба ДИ пайвастааст.
Як сол баъд, моҳи феврали соли 2016 ҳамсари дуввуми Ҳалимов, Ҳумайро Мирова бо чаҳор фарзанди хурдсолаш аз Тоҷикистон фирор кард ва бо шавҳараш ҳамроҳ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ