Сарвазир дар садама ҷароҳат бардошт

Додситонии кулли Ӯзбекистон дар бораи садамае бо иштироки сарвазири он кишвар хабар дод. Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар садама «ҷароҳати сабук бардоштааст».

Рӯзи 20 август дар километри 92-уми роҳи мошингарди «Қарасӯ-Бука-Бекобод» мошини навъи Damas бо мошини Mercedes-Benz-и сарвазир бархӯрд.

Дар натиҷа сарвазир ҷароҳати сабук ва муовини вай Алишер Султонов якбора чанд ҷароҳат бардошта, устухонҳояш шикастааст.

Ба ҷуз ин, У. Қурбонов, як масъули дастгоҳи президент ва ронандаи мошин Р. Толипов маҷруҳ шудаанд.

«Ронандаи мошини Damas ва мусофиронаш ҳам маҷруҳ шуданд. Ҳамаи ҷароҳатбардоштагон дар бемористон бистарӣ шуданд», — хабар медиҳад додситонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *