Табиби тоҷик дар Кувайт соҳиби медали тилло шуд

Гулнора Ҳоҷиева, дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар намоишгоҳи байналмилалӣ соҳиби медали тилло шуд.

Ӯ барои ихтирооти «Маҷмуи гиёҳҳои шифобахш-Чордору» дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик (IIFME) медали тиллоро ба даст овардааст.

Тавре ки аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба Presssa.tj иттилоъ доданд, намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик аз 16 то 19 феврали соли равон дар давлати Кувайт доир гардида, дар он аз 44 давлат ихтироъкорон иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки чунин намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамасола доир мешавад. Соли 2024 он 12-15 феврал баргузор шуд, ки дар он аз 43 давлати ҷаҳон намояндагон бо 169 ихтироъ иштирок доштанд.

Дар ин намоиш аз Тоҷикистон Саврибегим Ёрмамадова бо медали нуқра ва Мавлуда Давлатмамадова бо медали биринҷӣ сарфароз шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image