Табиби варзида Мазабшоев даргузашт
Табиб – офталмолог, дотсент Аслишо Мазабшоев дар синни 88-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.
Гуфта мешавад, ки ҷасади Аслишо Мазабшоев дар зодгоҳаш — деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супорида мешавад.
Аслишо Мазабшоев тӯли як соли ахир бинобар захмӣ шудани пояш кор беморхонаи “Шифобахш” кор намекард ва дар хона қарор доштааст.
Аслишо Мазабшоев дар тӯли ҳаёту фаъолияташ шогирдоне зиёде тарбия намудааст. Ӯ дорои унвони Аълочии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мебошад.
Ӯ 1 майи соли 1934 дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб соли 1955 ба факултети тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1961 ин муассисаи олиро хатм кардааст. Ибтидо ба ҳайси духтури чашми беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ кор карда, солҳои 1961-1963 сардухтури беморхонаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ будааст. То охири умр Мазабшоев дар кафедраи офтомологияи ДДТТ ба номи А. Сино ва беморхонаи «Шифобахш» фаъолият намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ