Табибони бемориҳои сил соҳиби имтиёз шуданд

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли норасоии мутахассисони силшинос ва мубориза бо ин беморӣ, барои табибони ин соҳа имтиёзҳои нав ҷорӣ кард.

Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, табибоне, ки ба муолиҷаи беморони сил машғуланд, аз маоши баландтару исттироҳати бештар бархӯрдор хоҳанд буд. Соати корӣ барои кормандони бахши сил коҳиш ёфт.Дар қарори ҳукумат, ки нусхаи он рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ дастрас шуд, омадааст, ки маоши табибони силшинос 100 дарсад боло рафта, онҳо бояд дар як ҳафта на бештар аз 35 соат кор кунанд. Ба ғайр аз ин, рухсатии иловагӣ ва истифодаи имтиёзноки истироҳатгоҳҳо кафолат дода шудааст.Бар асоси ин қарор, агар табиб аз бемории сил фавтад, аъзои оилааш то ба балоғат расидани фарзандон зери парастории давлат қарор мегирад ва то ба воя расидани кӯдакон, маошаш ба хонаводааш сад фоиз пардохт мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *