Зубайдулло Зубайдзода ба президенти Ироқ Эътимоднома супорид

Сафири Фавқулода ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода  8 январи соли 2019 дар Қасри Саломи шаҳри Бағдод Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Ироқ  Бархам Аҳмад Солеҳ супорид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Баъд аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Сафир бо Президенти он кишвар сурат гирифт.

Нахуст Сафир паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамтои ироқиашон расонида, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон пирӯзии Ироқро ба гурӯҳи террористии ДИИШ табрику таҳният намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ироқ дар навбати худ ба Роҳбарият ва мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, Сафирро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мансаб шодбош гуфта, аз Зубайдулло Зубайдзода даъват ба амал овард, ки баҳри тақвияти муносибатҳои дуҷониба саъю талоши бештар дошта бошад.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ дар тамоми арсаҳои ҳаётан муҳим бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба баррасӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *