Таъбири хоби об: Ба таври онлайнӣ ҳам никоҳ карда истодаанд!

Ҷаноби Фазлиддин Асозода!

Одатан шумо аввал хобҳоятонро ба об мегуфтеду баъд аз ман таъбир мехостед. Аммо ин маротиба хобро ба об неву аввал ба ман гуфтед. Медонед барои чӣ?

Ба фикрам, мисли ҳамеша ин бор ҳам, чун аз хоб бедор шудед, фавран ба сўйи ҷӯйи об рафтед, то хобатонро аввал ба об гўед. Аммо натавонистед, зеро ҷўй об надошт. Ин худ аллакай як таъбир аст. Дар хоб ҷўйи беобро дидед ва дар бедорӣ низ ҳамчунин. Ин нахустин хобест, ки бе заҳмату таъбиргўйии мо рост баромад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ё шумо ҷин пайдо карда истодаед ё ҷинҳои ман оҳиста-оҳиста ба шумо мегузаранд.

Ё шояд шумо дигар хобҳоро ба об мегӯед, на хоби худи обро? Агар чунин аст, ин амалатон низ дуруст аст. Хоби обро ба об гуфтан мумкин нест.

Мушкилии обро агар шумо фақат дар хоб бинед, он барои деҳқонон яке аз мушкилиҳои асосӣ дар бедорист. Як ба шабакаҳои иҷтимоӣ нигаред, ин мушкилӣ то ба ҳадде бузург шудааст, ки имсол деҳқонони зиёде ҳосили дуюм он тараф истад, ҳатто якумашро ҳам бой дода истодаанд. Акнун, деҳқононе, ки обро дар бедорӣ надиданд, мисли шумо ҷамъоварии ҳосилро дар хоб мебинанд. Барои ҳамин ҳам, бояд эътироф кард, ки хоби шумо — ин мушкили бузурги деҳқонон дар бедорӣ аст. Агар шумо дар хоб бел сари китф лаби ҷўйбор рафта бошед, онҳо шабу рўз дар бедорӣ мегарданду бо заҳматҳои зиёде бел дар сари китф сари ҷӯйбор хоб мекунанд ва ба ҷоий 3-4 маротиба, зироаташонро ҳамагӣ як маротиба об медиҳанд. Шумо ку фақат дар хоб дидед ва хароҷоте накардед, деҳқонҳои бечора баръакс, пули об медиҳанду обро намебинанд.

Аз мушкили камбуди об дар хоб не, имсол дар бедорӣ даҳҳо гектар киштзорҳо дар Конибодому Зафаробод ташналаб монд ва ҳосили дарахтон напухта хушк шудааст. Зардолу аз беобӣ нопухта қоқ шуд. Дар Панҷакент ғаллаи баҳории коридаи деҳқононро имкони даравидан нест. Чунки об набуд ва ғалладона нашукуфта, сўхт. Ё ба қавли мардуми деҳот, “қадаш аз замин боло нашуда, ҷавонмарг шуд”. Дар Деваштич давоми як моҳ 19 насоси обкашӣ сӯхт. Ин ҳама мушкилӣ махсус ба хоби шумо даромад, то чун рўзноманигор онро расонаӣ кунед. Ин шояд як навъ имдодхоҳӣ низ бошад.

Агарчи об дар хоб нишонаи хушбахтист, аммо шумо об не, ҷўйи беоб хоб дидед. Ҳатто косаи об наёфтед, ки мулло бо нафаре ақди никоҳи шумо, яъне марди зангирро хонад. Агарчи ин бад аст, лекин барои янга таъбири хуб дорад. Ў набояд хавотир шавад. Чунки шумо минбаъд зангириро фақат дар хоб мебинед.

Агар ба ягон нафар об медодед, ба наздикӣ соҳиби писар мешудед. Аммо шумо на об додеду на об гирифтед. Так что, ба ин наздикиҳо ҳатто духтарчаро интизор нашавед.

Хоби об аз тарафи марди зандор нишонаи зиндагии хушбахтона аст. Инҷо дар ҷўй будани об муҳим нест, муҳим онро дар саргаҳ дидед.

Таваҷҷуҳи янга маънои онро дорад, ки ў аз шумо хавотир аст. Метарсад, ки рўзе косаи оби никоҳро боз бо касе менўшед. Хавотириаш сабаб дорад ва инро худи шумо хуб медонед.

Агар он нафари бегона, ки дар саргаҳи об буд, ба шумо об медод, нишонаи расидани кумак ба шумо дар ҳалли мушкилот ва монеаҳое мебуд, ки дар сари роҳи шумоянд. Аммо ў об надод, барои ҳамин, дар бедорӣ дар ҳалли мушкилӣ аз берун кумакро интизор нашаведу худ аз паси ҳалли он шавед.

Таъбири дигар он аст, ки ба наздикӣ бой мешавед. Зеро дидани об дар хоб ворид шудан ба лоиҳаи нав аст, ки хоббин аз он ба дастовардҳои зиёди моддӣ ноил мегардад.

Хулоса, ин хоби шуморо бояд чун дидани об не, чун орзуи расидан ба об таъбир кард. Зеро шумо дар хоб дар орзуи ба даст овардани об будед. Ин аз он далолат мекунад, ки шумо дар умри худ барои расидан ба мақсад ва ба мақоми намоёне мубориза бурда истодаед. Аммо маълум, ки ба мақсадҳои худ ба осонӣ намерасед. Зеро, ҷинҳои ман дар хоб дидани ҷӯйро чун пайроҳаи пурпечутобу пур аз пастиву баландӣ ва хатарнок таъбир мекунанд. Боз ин ҷўй ақаллан об медошт, расидан ба ҳадаф осонтар мешуд.

Ҳар чӣ набошад, хуб аст, ки шумо то саргаҳи об расидед. Зеро ба саргаҳи об расидан маънои расидан ба орзуҳои бузургро дорад.

Дигар таваккал ба Худо кунед. Навбати об ҳам фаро мерасаду навбати зангирӣ ҳам. Вале чӣ тавре бачаи ман гуфта буд, ҳоло навбати зангирии фарзандон аст. Ҳамаи онҳоро ки хонадор кардед, агар умр вафо кунад, баъд боз навбат ба худатон ҳам мерасад.

Лекин дар масъалаи косаи обу никоҳ хавотир нашавед. Ҳозир на танҳо бе об, бе арўсу домод ҳам, ба таври онлайнӣ никоҳ карда истодаанд.

Холиқназар ҶУМЪАЗОДА, экстрасенс

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *