Марҳилаи якум дар Суперлигаи Тоҷикистон анҷом ёфт

Бо се бозии даври панҷум марҳилаи якуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2023 анҷом ёфт.

Дар бозии марказии даври охирини марҳилаи аввал «Соро компания» бар дастаи навкори Суперлига- «Амонатбонк» бо ҳисоби 6:4 зафар ёфт. Дар ин вохӯрӣ ду корти сурх барои ду бозигар аз ҳарду даста нишон дода шуд. Аз дастаи «Соро компания» Муҳсин Муҳаммадзода ва Идрис Ёров корти сурх гирифта, аз тими «Амонатбонк» Султоншо Мирзоев ва Идибой Олимов муҷозот шуданд.

Дар бозии дигар бозигарони «Истиқлол» бо ҳисоби чордаҳ бар ду «Истаравшан»-ро шикаст доданд. Шавкат Ҳалимов, Арстанбек Турсунов, Насратшо Исмоилов, Комрон Алиев ва Иқбол Воситзода дуголӣ заданд.

Дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзода баъди шикаст додани «Пойтахт» бо ҳисоби 8:5 ба аввалин пирӯзии мавсимии хеш расид.

Ҳамин тавр, баъди анҷоми марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Соро компания» бо 13-имтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Бо далели омодагӣ ва иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар чемпионати кишвар танаффус эълон гардид. Даври дуюми Суперлига оғози моҳи август шуруъ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *