Табобатгоҳи бесарусомон

Макони магасу паша ва ифлосӣ

 Оиди табобатгоҳи Оқсукони ноҳияи Ашти вилояти Суғд қиссаву ривоятҳои зиёде ҳаст. Боре як нафар аштӣ ба хотири табобат гирифтан ба шаҳри Маскав меравад. Дар қабули духтурони он ҷо аз дарди миёну буғумҳои дасту пойҳояш шикоят мекунад. Аз ӯ суол мекунанд:

-Аз куҷо омадӣ?

-Аз ноҳияи Ашти Тоҷикистон-ҷавоб медиҳад вай.

-О, ҳамон ҷо як табобатгоҳи макони намаку лойқа ҳаст-ку? Дарди ту ака дар ҳамон ҷо табобат меёбад!…

-Росташро гӯям аз ин хабар надорам, – иқрор мешавад аштӣ.

Ниҳоят ӯ ба Ватан бармегардад ва дар «Оқсукон» табобат гирифта, шифо меёбад.

Ё қиссаи дигар, ки шунидам: Як конструктори номии соҳаи техникиро бо замбар ба ин ҷо меоранд. Ӯ тамоман аз пой монда буд. Ӯро чанде аз табибони машҳури ҷумҳурӣ зери назорат мегиранд. Рӯз то рӯз аҳволаш беҳтар гашта, ба по мехезад. Баъди 15-20 рӯзи табобат шифои комил меёбад. Ба ҳамин монанд боз қиссаҳои зиёде ҳастанд.

Ба ин ҷо асосан бемориҳои ревматоиди дасту пой, миёндард ба мисли остеохондроз, грижа диск, пойдард, фалаҷи баъзе узвҳои бадан ва ғайра омада табобат меёбанд.

Табобат бевоситаи дар соҳили кӯли сунъии аз намаку лойқа бунёд ёфта, сурат мегирад. Усули табобат одӣ ва бо ист: лучу урён рӯи замин мехобед ва лойкатҳо бо каландашон беморро аз нохуни пой то қафаси сина бо лойқаи намакини шӯр гӯр мекунанд.

Бояд гуфт, ки усулҳои замонавии ин табобат мавҷуданд ва барои амалӣ шудани он шароит муҳайё кардан лозим. Вале боиси таассуф аст, ки баъди чунин табобат ҳам, на ҷои дамгирӣ ҳасту на сарпаноҳе. Табобати зери лойқа бояд 10-15 дақиқа  идома ёбад, вале инро баъзе беморон сарфи назар карда, то 20-30 дақиқа мехобанд. Ин хилофи табобат буда, ба оқибатҳои нохуш оварданаш мумкин.

Банда низ ҳамасола ба ин ҷо меоям ва ҳамон ҳолати якхелаю ноободро мебинам. Манзилҳои зисти табобатгирандагон ба ягон талаботи будубош ҷавобгӯ нест.

Дар ҳуҷраҳои дукаса чор кати хоб гузошта шудааст. Ин катҳои симини аз замони шӯравӣ солҳои 50-ум боқӣ мондааст. Дар каравотҳои пуржинӣ на нишаста мешаваду на хоб рафтан мумкин. Дар ин ҳуҷраҳо ягон ҷиҳози зарурӣ барои либосгузорӣ ва овехтан вуҷуд надорад. Аз яхдону радиову телевизор  ҳоҷати гап задан нест. Номи чунин ҳуҷраҳои нообод «Хонаи миллӣ»-ро гирифтааст. Ба болои ин ҳама ҳоҷатхонаву душхонаҳо дар ҳолати антисанитарӣ қарор доранд. Обрезҳои ҳоҷатхонаҳо шикаставу корношояманд. Душхонаҳо аз он ҳам бадтаранд… Ягона духтури ин ҷо Хуршед Имомназаров як ё ду соат пайдо шуда, баъдан аз паи кори худ ба маркази ноҳия Шайдон меравад. Маълум шуд, ки боз дар ду – се ҷои дигар низ кор мекардааст.

Хӯрду хӯроки табобатгоҳ низ сифати пастро дорост. Дар ду чойхонаи он ду навъ хӯрок – хомшӯрбо ва рассолник ҳасту халос. Субҳгоҳон танҳо тухм мепазанд. Аз маҳсулоти ширӣ ҷурғот, қаймоқ, кефир ва ғайра ному нишон нест. Ҳамон ду номгӯйи хӯрокро ҳам одамони туфайлӣ, ки маълумоти таомпазӣ надоранд, омода мекунанд. Аз технологияи хӯрок ва калкулатсияи он бехабаранд.

Умуман, камбудиву норасоиҳо хеле зиёданд. Ҳол он ки ин табобатгоҳ бояд дар сатҳи байналмилалӣ бояд қарор гирад. Аз он сабаб, ки ҳамасола ба табобатгоҳ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Русияву Тотористону Бошқирдистон даҳҳо ниёзмандон меоянд. Танҳо дар мавсими тобистон то 600 нафар ба ин ҷо меоянд. Ба чеҳраҳои онҳо нигоҳ карда, аз ноободӣ шарми кас меояд. Баъзе аз онҳо луқма партофта мегӯянд:

-С вашими мухами трудно боротся! (бо магасу пашаҳои шумоён мубориза бурдан басо мушкил).

Дар охир ба андешаи ман, ин табобатгоҳ ба назорати Ҳукумати ҷумҳурӣ ё спонсори пурқувват ниёз дорад ва суоле ба миён меояд, ки чаро чунин мавзеи табобатии номдор аз мадди назар дур мондааст? Наход дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” яке аз маҳали табобатгирии сайёҳон дар чунин ҳол қарор дошта бошад?

Э. Камолзода, нафақахӯр, ветеран

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *