Тафсилоти марги ду холадухтаре, ки худро аз болои кӯпрук ба дарё партофтанд
Шахсияти ду холадухтаре, ки худро аз болои пули дарёи Ғарибаки шаҳри Панҷакент партофта буданд, маълум шуд.
Тавре як манбаъ ба Pressa.tj иттилоъ дод, ин ҳарду холадухтарон аз ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент мебошанд.
“Ҳарду ба беморхонаи шаҳри Панҷакент меравам гуфта, аз хона мебароянд. Аммо аз болои пули дарёи Ғарибак худро мепартоянд. Баъд аз 15 дақиқа онҳо аз дарё берун бароварда мешаванд. Чӣ гуна аз болои пул худро партофтани онҳо тариқи камераҳои назоратӣ сабт шудааст”,- иттилоъ дод манбаи Pressa.tj.
Гуфта мешавад, ки онҳо Севинч ва Наргиза ном дошта, соли таваллудашон 2006 ва донишҷӯёни курси дуюми Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент мебошанд. Падарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буда, модарашон хонашин мебошад.
Ин ҳодиса 17-уми сентябри соли 2023, тақрибан соати 11 рух додааст. Шоҳидон мегӯянд, ки дасту пойи духтарҳо баста буд. Сабаби худкушии ин ду духтари ҷавон аниқ нест.
Ҳоло тафтишоти ин ҳодиса идома дошта, Pressa.tj онро пайгирӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ