Дуздӣ дар Қарияи Боло. Ду ҷавон боздошт шуданд

Ду ҷавон барои дуздии маблағи зане дар беморхонаи Қарияи Боло боздошт шуданд. Ҳарду сокини пойтахт будаанд.

Бино ба иттилои мақомоти милитсия, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 16-уми сентябри соли 2023 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ҳангоми дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе қарор доштанаш 1 адад ҷузвдон, ки дар дохилаш 6 ҳазору 800 сомонӣ, 2 адад телефонҳои мобилии гуногунтамға ва 3 адад кортҳои пластикӣ буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 22 ва 24-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.

Нисбати гумонбарон тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *