Қаҳрамонии фарзанди далер фаромӯш намешавад!

Масъулини ноҳияи Ёвон пайваста аз хонадони сарбози шаҳидшуда дар ҳифзи марзу буми ватан хабар гирифта, ба онҳо кумак мерасонанд.

Роҳбарияти ноҳияи Ёвон волидони Фирдавси Анвар, сарбозеро, ки соле қабл дар муноқишаи марзӣ аз ҷониби марзбонони қирғиз шаҳид шуда буд, аёдат намуд. Ҳамчунин ба хонаводаи сарбози шаҳидшудаи тоҷик кумаки яквақта расонида шуд.

Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон ба волидони Фирдавси Анвар барои тарбияи фарзанди ватандӯст ва ҷонисори миллат изҳори сипос намуд.

Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми ватан қарзи инсонӣ ва шарафи бузург барои ҳар як ҷавонмарди ин ватан аст.

Волидони афсари шаҳидшуда аз дастгириҳои Роҳбарияти олии кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҷон додан дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар шарафи бузург аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *