Тафсилоти пурраи рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян шуд, ки роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро вобаста ба рабудани муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович шаҳрванди Тоҷикистон Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович ба уҳда дошта, ӯ нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд.
Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда муяссар нагардид.
23 июн соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии ш. Душанбе Саидмуродов Д.Ҳ. бо аъзои дигари гурӯҳ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоев Ш.А.-ро зуран ба мошини «Хюндай — Соната», рақами қайдаш 01-97М01, сиёҳранг, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар ҷ/д Чорбоғи н. Варзоб рабудаанд.
Онҳо шаҳрванд Исматуллоев Ш.А.-ро то соати 03:00 рӯзи 24 июн дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.
Баъдан, гурӯҳи ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 роҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев Ш.А. ва мошинаш «Хюндай- Соната»-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Русия, Хуҷаев Ш.Х. ба Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Туркия ва 30 июн ба Молдова фирор намудаанд.
Дар рафти убури сарҳади Молдова Ашуров Р.К. аз тарси дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомот фурудгоҳи Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва якчанд нафари дигарро гаравгон гирифта, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва 3 июл аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардидааст.
Айни замон, 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд.
Ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев Ш.А. идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ