Ҳавои имрӯз тағйирёбанда мешавад

Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳавои  абрнок  ва тағйирёбанда дар назар аст.  

Тавре Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришоти сусти борон ва барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва  рӯзона  1+6  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук  ва   рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки   бебориш дар назар аст. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва барф дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6  ва рӯзона 9+14  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона 3+8  дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрноки  бебориш мешавад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *