Ҳалокати 7 ҳазор табиб аз каронавирус дар ҷаҳон, Мексика дар зинаи аввал

Тибқи як пажӯҳиши созмони байналмилалии “Amnesty Internationa”дар ҷаҳон аз ҳама зиёдтар табибони Мексика аз каронавирус фавтидаанд.

Тибқи иттилои ин созмон, дар ҷаҳон на камтар аз 7000 корманди соҳаи тандурустӣ аз коронавирус вафот кардааст, ки аз ин миқдор 1320 нафараш аз Мексика мебошанд.

Инчунин, ба рӯйхати кишварҳое, ки фавти кормандони тиб аз коронавирус зиёданд, мутаносибан ИМА 1077, Бразилия 634, ва Ҳиндустон 573 шомиланд.

Шумораи фавтидагон ва ҳолатҳои тасдиқшудаи коронавирус аз ҳама бештар ИМА, Бразилия ва Ҳиндустон мебошанд. Ин се кишвар дар бораи беш аз 14 миллион ҳолати коронавирус ва марги наздик ба 387 000 гузориш додаанд.

Таҳлили Reuters дар бораи маълумоти ҳукумати Мексика дар моҳи август нишон дод, ки хавфи марги кормандони соҳаи тандурустӣ дар Мексика нисбат ба Иёлоти Муттаҳида чор маротиба ва дар муқоиса бо Бразилия ҳашт маротиба зиёдтар аст.

Мексика беш аз 610 ҳазор ҳолати сироят ва қариб 66 ҳазор фавтро ба қайд гирифтааст. Ҳукумати Мексика ин ҳафта гуфт, ки дар маҷмӯъ 102494 корманди соҳаи тандурустӣ ба коронавирус гирифтор шудаанд ва шумораи фавтидагон ба 1378 нафар афзоиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *