“Агроинвестбонк” барҳам мехурад? Амонатдорон нигаронанд

Муштариёни “Агроинвестбонк” аз вайрон кардани бинои бонк ва тақдири пулҳои дар он ҷо гузоштаашон нигаронанд.

Имрӯз, 21 октябр чанде аз муштариёни “Агроинвесбонк” ба сомонаи Pressa. tj аз вайрон шудани бинои бонк, воқеъ дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ хабар доданд. “Як қисми тирезаҳои бинои бонкро аллакай кандаанд. Ман дар ин бонк маблағи зиёдеро амонат гузоштаам. Чандин сол шуд, ки барои гирифтани маблағҳоям саргардонам. Биноро вайрон кунанд, тақдири пулҳои ман чӣ мешавад? Худи бонк ҳам барҳам мехурад?”,- изҳори нигаронӣ кард яке аз муштариён тариқи телефон ба Pressa. tj.

Хабарнигори сомона хост, ки асли воқеаро аз забони масъулини бонк фаҳмад. Ба рақамҳои телефони “Агроинвестбонк” (44) 600-68-68 ва (37) 236-51-66 занг задем, аммо касе гӯшии телефонро набардошт. Шояд баъди нашри ин хабар масъулини “Агроинвестбонк” сабаби тахриби бинои худро шарҳ диҳанд. Баробари расидани хабари тоза, муштариёни бонк огоҳ карда мешаванд.

“Агроинвестбонк” дар баробари “Тоҷиксодиротбонк” се соли охир мешавад, ки муфлис шуда, пули муштариёнро баргардонида наметавонанд. Ҳарчанд Ҳукумати кишвар ба ин ду бонк барои дубора барқарор шудан кумаки молӣ кард, вале ҳамоно дар баргардонидани маблағи муштариён оҷизанд. Дар доираҳои коршиносон гуфта мешавад, ки “Агроинвестболнк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба ҳолати барҳамдиҳии пурра расидаанд.

Қаблан Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) ба ҳукумати Тоҷикистон машварат дод, ки ду бонки азими дучори мушкил — «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро барҳам диҳад. Дар изҳороти расмии созмон аз 14-уми сентябр ин бонкҳо «низомсоз, аммо пардохтнопазир» ном бурда шуданд. Аз аввали соли равон бори дувум аст, ки Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон чунин тавсия медиҳад.

Аммо дар посух ба тавсияи ин созмони байналмилаӣ аз дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буданд, ки «то вақте уҳдадориҳояшонро дар назди пасандозгузорон анҷом надиҳанд, дар мавриди барҳамдиҳии онҳо (манзур ду бонк) ягон тасмиме нест.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *