Акбари Турсон: Ду хизмати Ҷӯрабек Муродов лоиқи баҳойи сазоворанд
Ба ифтихори фаро расидани ҳаштодӯмин баҳори умри дурахшонтарин ахтари осмони санъати муосири тоҷик Ҷӯрабек Муродов.
Чунин гӯянд меъморони ин кох,
Ки чун шуд бар иморат доя густох,
Падид овард устоде ҳунаркеш,
Ба ҳар ангушти дасташ сад ҳунар беш.
Абдураҳмони Ҷомӣ
I
Дар арзу тӯли даҳсолаҳост, ки ҳамнаслу ҳамсилки ман Ҷўрабек Муродов дар мадди назар ва таваҷҷӯҳи мардумони ҳунарпарвару қадрдон дар соҳати дарунмарзию берунмарзӣ мебошанд ва яқин медорам, ки дар ояда низ дар чунин мақому мартабайи баланди маданию иҷтимойӣ хоҳанд монд!
Ман санъатшинос нестам ва бад-ин сабаб дастовардҳойи ҳунарии Ҷўрабекро ба ҳадде, ки дилам мехоҳад, яъне дар миқёс ва контексти маданияти ҷаҳонӣ, таҳлилу таъбир карда наметавонам. Аз ин рӯ бештар ҳамон ҷанбаҳойи эҷодиёти халлоқонаашонро мавриди андешайи фарҳангшинохтӣ (културологӣ) қарор доданӣ ҳастам, ки аз аҳамияти мубрами иҷтимойӣ холӣ набудагист.
Дар радифи хидматҳои шоистае, ки устоди мумтоз Ҷўрабек Муродов дар тараққӣ ва такмили санъати тоҷик кардаанд ва минбаъд аз тариқи ҳамкории эҷодӣ бо ворису шогирдонашон хоҳанд кард, ба хусус дутояш лоиқи қадру баҳойи сазовор аст. Аввал ин ки Ҷўрабек Муродов ба ҷиҳати ҳақиқатан мардумӣ будани рагу решайи ҳунари олиашон суруду таронайи асили тоҷикиро, ки дар шароити хоси иҷтимоию фарҳангии охирҳойи солҳойи панҷоҳӯм ва аввалҳои солҳойи шастӯми садайи гузашта дар вилояти Ленинобод қариб ба фаромӯшии таърихӣ рӯ оварда буд, дубора зинда карданд. Таърифам муболиғае нест, ки ба ифтихори солҷашни Ҷӯрабек Муродов ба унвони таоруфи дӯстона нигошта бошам.
Боре эшон зиндагиномайи ҳунариашонро фикран варақ зада гуфта буданд: вақте ки нахустин қадамҳоямро ба саҳнайи иҷрогарӣ мегузоштам, тамоми шимоли Тоҷикистон таҳти нуфузи санъати Ӯзбекистон қарор дошт; ҳатто ҳофизони тоҷик ба ӯзбекӣ месароиданд. Қариб монда буд мардум бовар кунад, ки ба тоҷикӣ суруд хонда намешудааст!
Дар шарҳи илмии ин шаҳодати таърихӣ боястӣ афзудан: ақидайи мазкураро душмашони қаттоли тоҷикон мавсум ва машҳур ба пантуркистон ҳамчун як навъ таоруф паҳн мекарданд. Ба қавли устод Айнӣ, ин “ташвиқоти контрреволутсионии пантуркистон” ба гунайи зерин қаламӣ шуда будаст: “Забони тоҷикӣ нозук аст ва қобилияти саҳнагӣ надорад” [Садриддин Айнӣ. Куллиёт, ҷилди 11, китоби дуйӯм, Д.: “Ирфон”, 1964, саҳ. 411]. Бар хилофи чунин даъвои бебунёд Садриддини Айнӣ ба унвони донандайи асли ҳол гуфтаанд: тарона ва мусиқии халқи тоҷик “чунон шӯрангез, чунон таъсиромез, чунон шавқовар ва чунон рӯҳпарвар аст, ки шунавандагонро ба ҷӯшу хурӯш меоварад ва ба онҳо шавқу ҳавас мебахшад”[Ҳамон ҷо. Саҳ. 408].
Албатта воқеайи ғарибайи фарҳангие, ки Ҷӯрабек ба ёд овардаанд, сабабҳойи таърихию сиёсӣ, маданӣ ва ҳатто равоншинохтие дошт, ки ба тафсиру таъбири махсус ниёз дорад.
Ман гуфтайи Ҷӯрабекро дар борайи нуфузу таъсири санъати иҷрогарии
ӯзбек дар шимоли Тоҷикистон бо ишора ба ду далели таърихӣ собит карданиам: яке технологиву амалист ва он дигар сиёсию идеологӣ.
Аввалан, сокинони вилояти Ленинобод то худи оғози солҳойи шастӯм баройи возеҳу равшан шунидани радиёи Душанбе имкон надоштанд; барояшон танҳо радиёи расмии Ӯзбакистон дастрас буд, ки шуоъҳойи элктрикию магнитии карнайҳойи давриҷангиаш ба ҳама ҷойҳойи тоҷикшину тоҷикгард – аз бозору чойхонаҳо гирифта то ба истилоҳ боғҳойи истироҳат – ба сони радиатсияи кайҳонӣ баробар нуфуз мекард. (Ман инро дар мисоли шаҳри Конибодом мегӯям, ки худам шоҳидаш будам.) Албатта дар вилояти Ленинобод шунавндагони узбекзабон кам набуданд, вале ин ҷо сухан аз дидаю дониста поймол кардани ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон меравад, ки ҳанӯз ҳам ҳеҷ набуд чиҳил фойизи аҳолии Ӯзбакистонро ташкил медиҳанд! (Албатта на аз рӯйи маълумоти расмии он кишвари исталинзоду шӯравипарвард!)
Сониян, Тошканд шабу рӯз ба ӯзбакӣ ҳарф мезаду сурудҳойи ӯзбакӣ мешунавонд, ки хилофи сиёсати миллии КПСС бошад ҳам, пинаки касеро аз ҷумлайи маъмурони корҳойи идеологӣ ё маданиро дар ҳарду ҷумҳурӣ вайрон намекард, чӣ расад ба нозирони идеологии ҳизби камунист дар Марказ, ки қаблан фактҳойи зӯроварии сиёсию маънавиро дар ҷумҳуриҳойи ҷудогона дар ҳаққи “ақаллиятҳой миллӣ” дар бахшҳойи маорифу маданият аз рӯйи шикоятҳойи мардум дар шӯъбаҳойи дахлдори Кумитайи Марказӣ ба қайд гирифта онҳоро ҳамчун зуҳури “шовинизми маҳаллӣ” маҳкум карда буданд, вале масъаларо ба муҳокимайи Бюройи Сиёсӣ бароварда қарори махсус қабул накарданд) Албатта ин нодидагириҳойи сиёсию идеологӣ ба хотири бузургдошти “дӯстии халқҳо” сурат мегирифт, ки ҳамоно андешайи ояндасоз буд. Аммо гап болойи ин ки тадбири сиёсии фармудайи идеологӣ якҷониба сурат мепазируфт: маҳз, аз ҳисоби “майдамиллатҳое” чун тоҷикон! Даставвал “сағирон”-ро мебоист ба хотири дӯстӣ бо “кабирон” гузашт кардан, хосса “кабироне”, ки онҳоро ҳокимони болшевикӣ бо андешаҳойи комилан бебунёди геополитикӣ аз ҳисоби таърихии “хурдон” бузург сохта буданд!
Хурдони бузургшуда бошанд, ҳаққу ҳуқуқи сиёсии аз ҷониби ҳокимияти болшевикӣ муфт тақдимшударо суиистеъмол намуда таъҷилан аз пайи “қонунӣ” кардани онҳо шуданд: бастани дари мактабҳойи тоҷикӣ ва ба роҳ мондани коргузорӣ ба “забони давлатӣ” дар ҳама ҷо, дар навбати аввал дар Самарқанду Бухоро, аз ҷумлайи нахустин тадбирҳойи роҳбарони “аксарият” буданд!
Бад-ин тариқи ғаддор ҷумҳурии ҳамсоя ҳаққу ҳуқуқи сиёсиеро, ки ҳокимияти инқилобии Русия баройи тоҷикон барин халқҳойи мазлум (пеш аз ҳама ҳуқуқи таълиму тарбия гирифтан ба забони модарӣ) дода буду таъмини воқеии ин ҳаққу ҳуқуқро мебоист Ӯзбакистон ҳамчун “бародари бузург” ба ӯҳда гирад, ниёзҳойи таърихию мадании миллионҳо шаҳрвандони тоҷикзабонашро инкор кард ва ҳамоно инкор мекунад!
Ва ҳол он ки аз се ду ҳиссайи ҳамайи онҳое, ки аз рӯйи ҳамагуна меъёри миллатсозӣ тоҷик гуфтан мебоист, аз қаламрави Тоҷикистон берун монданд! Ва ҳадди аксари онон ба унвони “ақаллияти миллӣ” (!) бо имойи бурути навдавлатони москвагӣ расман “ӯзбек” (!!) шуда бо мурури замон ба шунидани радиойи Тош канд одат карда рафтанд!
Ба ростӣ, радиойи Тошканд ба тоҷикӣ низ “хабарҳойи охирин” мешунавонд, ки барояш 15-20 дақиқа вақт ҷудо карда буд! Лекин баройи шунавонидани суруди тоҷикӣ ақаллан як дақиқа ҳам фурсат надошт! Ва агар мабодо ягон вақт ба ин забон таронае садо диҳад, онро “эронӣ” ё “афғонӣ” гуфта муаррифӣ мекард!
Баройи чунин рангу раванди нохуш ё, агар ҳақати ҳолро гӯям, қасдан ба ҷодайи зиддитоҷикӣ равон шудани ҷараёни тадбирандешиҳойи миллию фарҳангӣ дар Осиёи Миёна чӣ дар даврайи шӯравӣ ва чӣ дар даврайи пасошӯравӣ тарафи Тоҷикистон низ гунаҳкор буд.
Роҳбарони ҳизбии аз Москва таъйиншудайи ҷумҳурӣ на дар худи Москва, на дар сатҳи вохӯриҳойи минтақавӣ ва на ҳангоми гуфтугӯхойи дуҷонибаи роҳбарони ҷумҳуриҳойи ҷудогона (ба хусус Ӯзбакистону Тоҷикистон) масъалаҳои маорифу фарҳанги тоҷикони берунмарзиро ба миён намегузоштанд! Албатта дар шароити хатарноки “диктатурайи пролетариат” дар болойи сари онҳо ханҷари дудамайи баста ба мӯе мавсум ба “натсионализм” овезон буд! Вале роҳбарони камҷуръати тоҷик дар даврони пасоистолинӣ ҳам (ҳатто дар замони “Бозсозӣ”!) аз матраҳ кардани масъалаҳойи муҳимму мубрами сиёсию идеологӣ мурда вор метарсиданд (албатта пеш аз ҳама аз мансабашон!).
Хосса ки тақозое чунин аз аҳкоми ба ном “коммунизми илмӣ” бармеомад, ки мувофиқи он фарҳанг як падидайи фаръӣ буда дар ҷомеа нақши таърихии феълан муассир надошт. Ин яке аз сабабҳост, вале сабаби асосӣ нест. Сабаби умда ин буд, ки ҳокимони вақт аз маданияти миллӣ ҳамчун таҷассуми тафовут ва вежагиҳойи маънавии мардумони қитъаҳойи гуногуни “сарзамини Шӯроҳо” хавфи идеологӣ доштанд. Аз ин рӯ ҳам солҳойи бистӯм аксари камунистони ватанпарвари таъқибшудагӣ тамғайи “миллатгаро” ба пешонӣ доштанд!
Валекин як ҳукми умда ва тасаллидиҳанда низ вуҷуд дошт: файласуфоне, ки ҳомилу ҳомии “камунизми илмӣ” ном бахши марксизм-ленинизм буданд, пайваста талқину таъкид мекарданд, ки дар оянда ҳамайи забону фарҳангҳойи миллӣ ба куллияти хеш барҳам мехӯранд! Зимнан, ба ёдам меояд, ки яке а классикони адабиёти муосири ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов бо як оҳанги эътирози хос аз ман мепурсид: “Оё ту ҳамчун файласуфи марксист ба мани ғофил фаҳмонида метавонӣ, ки қазийяи акс, яъне боқӣ мондану нашъунамо кардани маданиятҳойи миллӣ, ба фармудайи кадоме аз аҳкоми марксизм-ленинизм рост намеояд?!
Хуб, масъалаҳойи абстрактии фалсафиро як сӯ монда ба сари мавзӯйи умдаамон баргардем…
Бар асари сиёсати аҳкомпарастонайи “Боло” ва мавқейи бепарвоёнайи “Поён”, ки якҷо дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба ташаккул ва тараққии санъати хоси тоҷикӣ мусоидат намекард, ҳофизи ҷавон Ҷӯрабек фаъолияти эҷодиашро аз бозхонии сурудҳои тоҷикии устодони маъруфи ҳунар сар карда бад-ин сон саъю кӯши миллатпарварона ба харҷ дод, ки меҳри суннатиро ба забони модарӣ ва ҳамроҳа лаззати хонишу эҳсоси ҳамзабонию ҳамфарҳангиро дар зеҳну дили мардуми вилояти Ленинобод бедор намуда ҳамнасабию ҳамсилкии маданииро дар ёду хотири таърихиашон барқарор созад.Охир, суруду таронаҳойи тоҷикӣ ҳатто дар замони ҳукмронии ҳазорсолайи туркон на танҳо дар тӯю сури худи тоҷикон, балки дар сарою қасрҳойи навбунёди истилогарони саҳронишин, ба хусус охирин сулолайи аҷнабӣ – амирони манғит, низ садо медод.
Ҳамзамон бояд низ ба таъкид гуфт: бозхониҳое, ки Ҷӯрабеки ҷавон дар оғози фаъолияти ҳунариаш кардааст, нашоястӣ ҳамчун тақлиде холӣ аз нақши хоси эҷодӣ арзёбӣ кардан. Яқинан ҷустуҷӯйи ӯ тақлид набуд, таҷдид буд! Иқдоме чунин аз табиати истеъдоди худод бармеояд! Аз ин маънӣ комилан табиист, ки бозхониҳойи Ҷӯрабек ба омӯзиши ғойибонайи эҷодиёти Ҳоҷи Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз ва Шоҳназар Соҳибов тавъам омадааст. Дар ин силсилайи омӯзишу парвариш завқиёти ӯ ба сифати ҳофизи баркамоли тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов халқайи охирин ва муассире буданд.
II
Дар “Қуръон”(сурайи Бақара, ояти 30) як қиссайи ҷолиб ҳаст. “Парвардигорат ба фариштагон гуфт: “Ман дар замин халифае меоварам”, гуфтанд: “Оё касеро меофаринӣ, ки дар он ҷо фасод кунад ва хунҳо бирезад ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро тақдис мекунем?” Гуфт: “Ман он донам, ки шумо намедонед”.
Ман ҳам намедонам, ки оё фасоде, ки аз он фариштагон ёд кардаанд, як хислати зишти одамиро низ дарбар мегирифта бошад, ки мо ҳамагон рашк мегӯем?
Рашк ба куллияти хеш дугуна бувад: ҳавас ва ҳасад. Рашк ба сифати ҳавас ҳиссиёти илҳомбахш буда омили рушду пешравист, дар ҳоле ки ҳасад сириштан омили харобкунанда бувад. Ва чунон ки оғози таърихи динии инсоният шаҳодат медиҳад, ҳасад, ки оташдиҳандайи адовати шахсист, фақат бо … нобуд кардани “рақиб” анҷом ёфта метавонад!
Мантиқи равоншинохтии гуфтору рафтори ҳахсони ҳасадзадагиро порайи пандомӯзе аз рӯзгори Ҷӯрабек Муродов шарҳ медиҳад, ки худашон ҳикоя карда буданд.
“Вақте ки ба Вена сафари ҳунарӣ доштем, ман дар охирин рӯзи ҳунарнамоиамон ногаҳон ба дарди кӯрруда гирифтор шуда дар бемористон бистарӣ шудам. Ҳайате, ки бо ман рафта буд, ба Тоҷикистон баргашт. Ва ноҷавонмарде аз ин ҳайат ба модарам занг зада
Тоҷикони Афғонистон дуруст мегуфтаанд, ки “ҳасуд аз неъмати ҳақ бахил асту мардуми бегуноҳро душман!” Аз ин ҷиҳат давоми ёддошҳойи Ҷӯрабек ҳам андешаангез аст: “Вақти унвон гирифтан ҳам сару садоҳои зиёд карданд, ки аз азоби рӯҳӣ бемор шудам…”
Ба назарам, Ҷӯрабек қиссайи ба унвони “Артисти халқии СССР” ноил шуданиашонро дар назар доштанд, ки аз ҷузвиёти он ман ҳам бохабар будам. Сухан аз овозаҳои шуми охирҳойи солҳои ҳафтодӯм меравад, ки нағз дар ёдам мондааст.
Соли 1977 баройи илму маданияти тоҷик соли наҳс буд, зеро ки ҳамон вақт аҷал чандин намояндагони заковатманди ақлу хирад ва ҳунари миллатро аз миёни мо даррабурд. Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Темур Собиров (додари Бозор Собир, ҳамкурси ман дар факултаи физикаю математикайи Донишгоҳи Тоҷикистон, ки баъдан дар мактаби риёзии Воронеж ба боми илми математика баромада тавонист) ва Маҳмудҷон Воҳидов (ҳунарпешае, ки дар баробари Ҷӯрабек Муродов арбоби барҷастайи санъати тоҷик ба шумор мерафт ва мисли ӯ мавриди таваҷҷӯҳи хоси ҳунаршиносони қадрдони дуру наздик қарор гирифт.)
Миёни фавтидагон дӯсти ману Лоиқ ва Ҷӯрабек Маҳмудҷон Воҳидов низ буд, ки ситорааш ногаҳон аз осмони баланди ҳунари ҷаҳоноро канда шуда ва ба замини сахт бархӯрда ҷобаҷо сӯхт. Дар ин соати сангин вай дар Бағдод буд. Қазо чунон афтод ки Маҳмудҷон аз табақайии 7-ми меҳмонхонайи пойтахти Ироқ ғалтида фавтид…
Ҳамон вақт ҳасудон мегуфтанд, ки Ҷўрабек дар фоҷиаи Маҳмудҷон Воҳидов даст дошт. Гўё Москва ба Тоҷикистон барои гирифтани унвони ҳунарпешайи мардумии СССР танҳо як ҷой ҷудо карда онро ба Маҳмудҷон таъйин карда будаст…
Аҳмади Дониш дар васиятномааш ба фарзандонаш аз хусусиятҳойи муҳити илмӣ ва ҳунарӣ гап кушода зимнан гуфтааст: “… Дар камтар мавозеъ боракаллоҳ ба нифоқ шунида ва дар аксари мавоқеъ таъну лаън кашида бошед” [Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ, китоби 2. Д.: “Дониш”, 2017, саҳ. 5474].
Дар воқеъ, магар худи ҳамон ҳасодату адовати шахсӣ набуд, ки Ленинро водор сохт ҳамаи рақибони илмию идеологиашро ба зӯрӣ ба як киштӣ бор карда ба хориҷи кишвар пеш кунад?! (Дар омади гап гӯям, дар байни бадарғашудагон файласуфон ва иқтисоддонҳойи бузурге буданд, ки минбаъд дар илмҳойи иҷтимоии ҷаҳон риштаҳо ва равандҳойи комилан нави таҳқиқотро кашф намуданд.) Минбаъд ҳам ба иллати худи ҳамон рашку ҳасади адоватомез сафи қурбониёни фишору таъқиби сиёсию идеологӣ даҳчанд афзуд!
Охир, як андеша карда бинед: чаро соли 1937 шумораи эъдомшудагону зиндониёну бадарғагаштагон ба миллионҳо расид? Наход, ки Истолин ва муқаррабонаш намедонистанд, ки дар як мамлакат вуҷуд доштани ин қадар «душмани халқ» аз ақл берун аст? Ҷавоби ин суолро мебоист аз онҳое пурсид, ки он вақт рӯихатҳои одамони қурбоншавандаро тартиб медоданд. Яқинан дар ҳар варақи он рўихатҳои шум дар қатори як гунаҳкор (шояд гуноҳаш ҳам ба дараҷае сангин набошад, ки ӯро бидуни ягон бозҷўию муҳокима фавран ба парррондан ҳукм кардан шарт бошад!) сад бегуноҳи дигар сабт шуда – айнан он соҳибистеъдодоне, ки ба ҷиҳати кори инноватсиониашон ва заҳмати ҳалолу покашон ангуштпечи ҳасудонашон шуда буданд: ҳар соҳибмансаб ва ҳатто шаҳрванди оддие, ки дар асари бухл ҳамгину ҳампешаашро чашми дидан надошт, аз фурсати мусоид истифода бурда хабарчиниву хабаркашӣ кард, онҳоро бўҳтон зад ва ё бадном намуда, то тавонист амру амали баҳонаҷӯёнайи сохтакорони дастгоҳи амниятро осон кард, ки баройи одамкушию ҷазододанҳояш плани давлатӣ дошт.
Дур наравем: киҳо устод Садриддини Айниро «душмани халқ» эълом дошта, шабу рўз хабари қатли ўро бетоқатона мунтазир менишастанд?
Худам шоҳид будам, ки аз фитнаҳои аҳли ғараз Маҳмудҷон Воҳидов чӣ азобҳое накашид! Ҷўрабек Муродов ҳам, агар сари вақт Душанбеи ошӯбзадаро тарк намекард, аҷаб набуд, ки ба ў низ ягон офати сахту сангини иҷтимойӣ расад.
Чӣ илоҷ, аз қавли Саъдӣ гўям, беҳунарон ҳунармандонро дида натавонанд, ҳамчунон, ки сагони бозорӣ саги шикориро бинанд машғала бардоранду пеш омадан наёранд, яъне сифла чун ба ҳунар бо касе барнаёяд, ба бухлаш дар пўстин афтад…
Аҳмади Дониш дар васиятномае, ки зикраш гузашт, дар ин бора мушаххастар нигошта буд: “Дар диёри мо аҳли ҳунарро сағиру кабир душман медоранд”. Дар муҳити худи эҷодкорон бошад, “беҳунарон душмани ҳунармандон бошанд ва дар ҳаққи ҳунарпарварон ҷуз қадҳу таън нагӯянд”! Аз ин рӯ Аҳмади Дониш маъюсона ба як хулосайи ҷомеъ омадааст, ки дар ҳоли депрессияи иҷтимоӣӣ будани ӯро исбот мекунад: “Балки худи ҳунар дар ҳаққи шахс офати ҷон аст ва мӯриси яъсу хирмон?!” [Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ, китоби 2. Д.: “Дониш”, 2017, саҳ. 498]
Валекин чӣ кор кунем, охир? Одамони хокӣ давру даҳрро барояшон баргузида наметавонанд: замона ба унвони сарнавишт онҳоро худаш интихоб мекунад. Бо вуҷуди ин дар суннате, ки нақлу нақд мекунам, ҳикмате низ нуҳуфта: ҳар як насл, аз ҷумла насли ман низ, айёми худро пурмуҳтавотарин ва ба ин маънӣ ҷолибтарин пиндошта бад-ин тариқ рўзгорашро мазмуну мароми ба худ хоси таърихӣ мебахшад.
Сарчашмайи чунин эътиқоду эътимоди одамӣ албатта фикрати тараққию такомул (назарияи фалсафии прогресс) бувад, ки мурури замонро ба як маҷрои пешравии куллӣ ва ҳамагонӣ андохта, онро рангу раванди некбинона мебахшад. Дар воқеъ, агар боварии азалие намебуд, ки тамоми ҷомеайи одамӣ ва ҳатто ҷамеи ҷирмҳойи кайҳонӣ ба куллияти хеш дар инкишофи бепоёну ҳамешагист, шикебоӣӣ барин фазилати неки инсонӣ аз куҷо пайдо мешуд! Ҳатто дар ҷомеайи мусулмонӣ, ки ҳикмати таърихаш таназзули ниҳойӣ ва ҳамагонии замину осмонро талқин мекунад!
III
Дар қатори хидматҳойи шоёну таҳсине, ки академик Бобоҷон Ғафуров баҳри рушду камоли маданияти миллаташон кардаанд, як иқдоми бузурги эшонро алоҳида қайд намудан мебояд, ки дар ғафуровшиносӣ ба ҳадди бояду шояд қадр нашудаст. Манзурам нотанависӣ кардани суруду оҳангҳойи классикии “Шашмақом” аст. Ин иқдоми мондагор маҳз бо ташаббуси устод Ғафуров дар Душанбе сар шуда (соли 1950) зери назорати академии худи эшон дар Москва фарҷом ёфтааст (соли 1967).
Аҳамияти бузурги ин ибтикори муҳимму муфиди тоҷикшиноси асилу дилсӯз пеш аз ҳама дар тадбири саривақтӣ будани иқдоми ӯст. Хусусан ки дар шароити идеологиязадайи шӯравӣ дар роҳи наҷоти таърихии мероси гаронбаҳойи мусиқии суннатиамон ба унвони шоҳасари маданияти мусиқии тоҷикӣ чандин хатари сарнавиштсӯз дар камин буд: аз сиёҳкориҳойи идеологӣ гирифта то миллатгароиҳойи шадид.
Дар ҳамон ҳангоми аз ҷиҳати идеологӣ нозук ва аз ин маънӣ басе хатарнок сиёсатмадори кордон, ватанпарвари ҷасур ва раҳбари донишманду масъулиятшинос Бобоҷон Ғафуров се нафар донандагону иҷрогарони маъруфи “Шашмақом” Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибовро аз Бухоро ба Душанбе таклиф намуда аз онҳо дархостанд, ки ҷамейи суруду навоҳойи “Шашмақом”-ро ба нота гузаронанд.
Ин тадбири дурандешонайи Бобоҷон Ғафуров, ки ба маънии томи сиёсию маданию ахлоқӣ сарвари миллат буданд, ду ҳадафи сарнавиштсоз дошт: (1) таърихан ҳифз кардани ганҷинайи мусиқии Аҷам аз хатари нобудшавӣ, ки он вақт эҳтимоли рух доданаш ба ду маънӣ – таърихӣ ва сиёсӣ беш аз пеш буд ва (2) нигоҳдошти аслу насаби “Шашмақом”, ки таърихан самарайи заҳмати ақлонию отифии мардуми таҳҷойии Турону Эрон буда бад-ин унвон онро муқаддасоти миллии тоҷикон ҳисоб кардан ҳам равосту ҳам баҷост!
Дар воқеъ, солҳойи панҷоҳӯм “Шашмақом” дар вартайи ду хатар монда буд. Якӯм, хатари ба мероси таърихии мусиқии мардуми турктабор (махусусан соҳибони кунунии Самарқанду Бухоро) табдил ёфтани он. Дудигар, хатари нуфузи хурофоти идеологии онвақта дар боби мероси маънавии табақаҳойи болойии ҷомеа (синфҳойи ҳукмрон) будани “Шашмақом”, хосса ҳамчун боқимондайи даврайи иртиҷоии бою феодалии Шарқи исломӣ қаламдод кардани ин осори мусиқии Аҷам, ки мустақиман ба ислом ва ё осори мазҳабҳойи он тааллуқ надошт!
Ба муҷарради гумон як сабаби дар маданияти даврони шӯравии тоҷик ба мартабайи баланди таваҷҷӯҳу эътибор нарасидани шашмақомхонӣ бар асари ҳамин омилҳост, ки беруниву таҳмилистанд. Вале дар айни замон дар баробари онҳо як қатор омилҳойи даруние низ буданд, ки аз хусусиятҳойи инкишофи санъати иҷроӣ дар Тоҷикистони пасоҷангӣ бармеомад.
Сухан аз омилҳое меравад, ки суруду таронаҳои тоҷикиро аз ҳусну таровати хосашон маҳрум карда буд. Манзурам костани заминайи миллии ҳунари иҷроии тоҷикон буд, ки солҳои баъдиҷангӣ (то худи оғози солҳои шастӯм) дар раванди ташаккули ба истилоҳ санъати профессионалӣ ба амал омад. Бастакороне (асосан аз миллатҳои ғайр) пайдо шуданд, ки оҳанги мардумии таронаҳои халқиро «такмил» дода, баъд онро дар шакли «пўстканда» ё «зарҳал додашуда» аз тариқи хор ё оркестри симфонӣ иҷро мекарданд, ки албатта ба гўши мардум намефорид. Хусусан ки «ашўлаҳои замонавии» эшон таносуби суннатии шаклу мазмунро вайрон карда шунавандаро ҳатто аз ҳаловати фаҳмидани мӯҳтавойи аслии шеър маҳрум менамуд, ки бунмояи ҳамагуна суруду таронаҳойи тоҷикист!
IV
Нахустин ҳофизи мардумие, ки дар ҳозира вилояти Суғд қолабҳойи овозхонии бегонаю таҳмилиро шикаст, муаллими Ҷӯрабек Муродов устод Боймуҳаммад Ниёзов буданд. Эшон вазну оҳанги хоси ҳар як шеърро ба назар гирифта ва ба чаҳорчўби навойи мардумӣ дароварда суруди тоҷикӣ сохтанд. Ва онро бо лаҳну иқойи (ритм) халқӣ дар камоли маҳорат хонда қуввату қудрати маънавӣ ва нуфузи отифии (эмотсионалии) таронаи асили тоҷикиро ба ҳамагон, пеш аз ҳама ба худамон, намоиш доданд.
Аз ин рӯст, ки сурудҳои эҷодкардайи Боймуҳаммад Ниёзов ба зудӣ ба дилу зеҳни мардум роҳ ёфтанд. Ба ёди худам ҳам ҳаст, ки чи тавр мо, донишҷўёни ҳамонвақта, байтҳои машҳури Мушфиқиро аз ғазале, ки ҳунари оҳангсозии Ниёзов ба суруди мардумӣ табдил дода буд, дар кўчаву хиёбонҳо, агар ягон духтари ситорагармро дида монем, худ ба худ замзама мекардем:
Ту меравӣ хиромон, ман бо ду чашми гирён,
Ошуфтаву парешон чун кокул аз қафоят…
Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устозро! Ҷўрабек, ана ҳамин иқдоми навоваронайи Боймуҳаммад Ниёзовро қуввати тоза ва вусъати майдон бахшида санъати иҷрогарии тоҷикро то авҷи камоли меросбарӣ расониданд.
Ин ҷо боястӣ як қазийяи куллиро низ афзудан: Ҷӯрабек дар баробари равнақу вусъат додани истеъдоди сарояндагию бастакориашон завқу шавқи эстетикии мо, шунавандагони тоҷикро низ ғойибона таҳзибу тарбия карданд.
Дар зимни ин як шиори даврайи шӯравӣ ба ёдам меояд, ки мебоист комёбиҳойи эҷодии ҳунарро дар ҳошияҳойи миллии СССР таҷассум кардан: “Аз “ҳофизи халқӣ” то “сарояндайи опера”! Бино ба талқини идеологҳойи шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи Ҳизби Камунист, ин шиор зинаҳойи такомули санъати иҷрогарии халқҳойи таърихан қафомондаро нишон медод! Вале кинояи ба истилоҳ диалектикии таърихи шӯравиамонро бинед: калонҳойи ҳизбии санъати шаклан миллию мазмунан сотсиалистии мо жанрҳойи опера ва балетро баландтарин қуллайи ҳунар дониста онҳоро ба сойири халқҳойи шӯравӣ таҳмил мекарданд.
Дар ин росто дар пойтахтҳойи ҷумҳуриҳойи халқҳойи мазкур, ки ба истилоҳ “витринайи сотсиализм” ба ҳисоб мерафт, барпо кардани театрҳойи опера ва балет ба расмият даромад.
Албатта мани дар Ленинграду Москва таҳсил кардагӣ санъати опера ва балетро куллан мепазирам. Валекин опера ва балет ҳамчун жанрҳойи санъат ба завқиёт ва рукнҳойи ҳунари миллии мо чандон рост намеоянд, хосса ҷиҳати сару либос пӯшиҳойи ҳунарпешаҳо аз ҷинси зан ва тарзи рафтори саҳнавии актёрҳо. Гап инҷост, ки ба назари ман, онҳо на фақат ба занҳойи ҳаёзеркардайи мо, балки ба мардҳойи “замонавӣ” нашуда ҳам маъқул нестанд!
Масъаларо ба тариқи куллитар ҳам ба миён гузоштан мумкин аст. Опера ва балет дастовардҳое мебошанд, ки рушду камоли рӯҳи хоси маданияти мусиқии халқҳойи аврупойиро муҷассам менамоянд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ шарт нест, ки дигар халқҳо низ камоли матлуби мусиқиашонро, ки вобаста ба табъу мизоҷ ва завқи хосашон ташаккул ёфтааст, тавассути операю балет муаррифӣ намоянд.
Яке аз шоҳидони шӯхиҳойи гарму хунуки шоири варзидайи даврайи шӯравии мо Қутбии Киром (агар фурсату имкон медоштам, ман ҳам чанде аз онҳоро, ки солҳойи 70-ми қарни гузашта аз забони худашон ба ҳамон лаҳни хосашон шунида будам – бо ҷузвиёте, ки низ сазовори нақлу нақди дӯстона бувад – ҳикоя мекардам!) оварда, ки эшон ба ҳамсафари тасодуфиашон ҳофизи “Шашмақом” Абдуҷалил Ҳошимов дар роҳи Хуҷанд-Душанбе ҳазломезона гуфта будаанд: “Абдуҷалил, акнун ба Душанбе ҳанг-ҳангкунон бармегаштем-дия!”
Ман дар идомайи андешаномаам андар нақши Ҷӯрабек Муродов дар таърихи ташаккули ҳунари овозхонии тоҷикӣ пораеро аз ҳарфпаррониҳойи ҳамдиёри нуктапардозашон ба унвони маҷози калидӣ истифода мебарам.
Аз назари ман, “ҳанг-ҳанг кунон” хондан лаҳни хоси сарояндагони ҳамонвақтайи сурудҳойи тоҷикӣ ба услубест, ки онро шояд димоғӣ, унвон кунем. Манзури назарам хониши “Шашмақом” бо ҳамовозии оркестр мебошад, ки набудани овозро дар сарояндагӣ ва оҳанги дилпазирро дар суруд бо ишорайи дирижёраш бо сару садоҳойи бемавқеъ ҷуброн мекард…
Ҷўрабек Муродов дар радифи Боймуҳаммад Ниёзов дар эҳёи ҳусни таваҷҷўҳи мардум (аз ҷумла худи ман) ба шоҳасари мусиқии классикиамон «Шашмақом» саъю кӯшиши босаботе карданд, ки низ шоистайи таҳсин бувад.
Иллати умдайи нуфузи шоиста пайдо накардану ба миқдори боистанӣ мухлис надоштани «Шашмақом» дар Бухорои шарқӣ паст будани сатҳи
миёнайи маданияти ноҳия донистан набояд ва нашояд. Дар
Тоҷикистони ҷанубӣ низ таҳсилкардаҳойи мадрасаҳойи Самарқанду Бухоро чандон кам набуданд. Ва ҳарчанде, ки медонем, ки бо омадани як-ду турна баҳор намешавад, асли ҳол на чандон сода аст, ки менамояд. Чунон ки устод Айнӣ нозукбинона ба мушоҳида гирифта буданд, “халқи кӯҳистониро, гуфтан мумкин аст, ки зану мард қариб ҳама шоир, ҳама созанда, ҳама навозанда, ҳама хонанда ва ҳама раққосанд”!
Бо иборати дигар, таърифу тавсифи беҷо набуд, агар гуфта шавад, ки санъат ба ниҳоди тоҷики кӯҳистонӣ бо хун даромадааст, яъне ки баройи ӯ санъаткорӣ як навъ суннати ирсист. Пас, агар инро ба забони илми муосир гардонем, метавон вуҷуд доштани як навъ ҳомил ё омили илҳомангези шоирию ҳунрмандиро тахмин кард. Ман онро културоген меномам ва рискомезона тахмин мекунам, ки дар ниҳоди яздонии тоҷик културогени санъаткорӣ дар баробари културогени шоирӣ аз азал будаст. Ва агар шоирию саъаткорӣ бештар дар деҳистону кӯҳистони
тоҷик нашъунамо меёфта бошад, ин амр ба шарофати экологияи хоси он ҷоҳост, ки баройи покизатар нигоҳ доштану рушд кардани қариҳайи эҷодгарӣ бештар мусоидат менамудааст!
Аз ин маънӣ рӯҳи фарҳангии Бухоро ба рӯҳи Бухоройи Шарқӣ бегона набуду бегона буда ҳам наметавонист. Муҳаққиқ ва қадрдонони мусиқии классикӣ Аслиддини Низомӣ [Аслиддин Низомӣ. Пайвандгари асрҳо, дар китоби У. Кӯҳзод. Акашариф Борбади асри бист, Д.: Адиб, 2007] ва Аскаралии Раҷабзода [Аскаралӣ Раҷабзода. Аз нур то ситои Акашариф Ҷӯра, Д.: Ирфон, 2000] барҳақ мегӯянд, ки “Шашмақом” дар куҳистони қисмати ҷанубии Тоҷикистон низ нуфуз дошт. Чунончӣ, А. Низомӣ бар ин ақидаанд, ки “Эҳёи Шашмақом дар кӯҳистон” (муалиф таъкид мекунад: “маҳз эҳё, на интиқоли он”) – иқдоми бузурги таърихии Акашариф мебошад”.
Ман ин ақидайи санъатшинохтиро дар робита бо як мушоҳидаайи ҷолиби Садриддини Айнӣ баррасӣ намуда онро андаруни тааммули културологӣ арзёбӣ карданиам.
Устод Айнӣ ҳангоми як таъбири фарҳангшинохтаашон санъати Акашариф Ҷӯраевро, аз як сӯ, бо сунати қадими ваҳдатгароии шеъру мусиқии тоҷик пайваста (”анъанайи устод Рӯдакиро аз худ акс мекунонад”), аз сӯйи дигар, ӯро яке аз “беҳтарин хонандагони имрӯзайи ҳавойи Рок” гуфта муаррифӣ карданд. (Дар зимни ин Устод дар шарҳи пайдоиши “Рок“ афзудаанд: “Тоҷикон ин ҳаворо аз ҳиндиён гирифта мувофиқи завқи худ тамоман аз сари нав сохта баромадаанд”).
Ба ин заминайи густурдайи таърихию фарҳангӣ такя карда банда ҳадс мезанам, ки дар эҷодиёти мусиқии Акашариф Ҷӯраев як навъ таносухи рӯҳи мусиқии ориёӣ рух додааст. Аз назари фалсафа гуфтаам зоҳиран муболиғайи иғроқ аст, вале кош ин ақидайи ҳиндиёни бостонӣ андар таносух баёни воқеъ ҳам мебуду мо, муосирони форсизабони садайи бисту якӯм, онро ҳамчун матлаби ормонӣ мепазируфтем…
V
Боз як омили даруние, ки миёни тоҷикони баъзе минтақаҳойи ҷумҳуриамон ба “Шашмақом” дилхунукӣ эҷод кард, ба назари ман аз ба воситайи хор иҷро шудани сурудҳои классикӣ буд. Ба гумони ман, асл ин ҷост, ки дар мусиқии асили тоҷикӣ ваҳдати се унсури рукнгузор: матн (каломи манзум), оҳанг ва овоз шарти асосии ҳастии маънавии суруду таронаи миллист.
Ҳангоми хониши бисёровоза бошад, дар аксари мавридҳо таъсири мутақобили ҳамон се унсури суруду таронаҳойи маҳаллие, ки муҷассамайи хусусияти тоҷикии онҳост, суст шуда яклахтии рӯҳонию равонии мусиқӣ куллан осеб мебинад. Ин хулосаро устодони шашмақомхон, махсусан Фазлиддин Шаҳобов, қаблан таъкид карда буданд: «Ба ҷавонон фаҳмонед. ки «Шашмақом»-ро ба мисли хор 15-20 нафар дар якҷоягӣ сурудан мумкин нест, зеро матни шеърро касе намефаҳмад…»
Ҳақиқатан ҳам мазмуну маънойи шеърро, ки хамирмояи хониши тоҷикист, нафаҳмида суруди тоҷикиро дар тамомияти эстетикию фалсафиаш дарк кардан амри муҳол аст. Ин нуктайи муҳимро устод Айнӣ дар як эссейи адабшинохтиашон мавсум ба “Таассурот” мушаххас карда буданд. Он ҷо робитайи дуҷонибайи шеъру мусиқии тоҷикӣ дар мисоли таъсири мутақобили як ғазали Камоли Хуҷандӣ (“Натавон кард”) бо нағмайи дутор ва танбӯри ларзшдори Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ мавриди шарҳи отифона, вале амиқу дақиқ қарор гирифтааст. ” Ҳар гоҳ ки нолайи шӯрангез ва суруди ларзишомез аз нохун ва гулӯйи мусиқишиноси куҳансоле сар бар занад, ҷӯшу хурӯши дили ҳасраткашидаам дучандон мегардад. Зеро ҳар нағма ва суруде, ки дар ин ҳолат навохта ва гуфта меояд, чунон ки сурати айёми шабоб ва саргузашти рӯзҳои ҷавониамро аз пеши назарам ягон-ягон мегузаронад, инчунин гиреҳҳойи дили хунгаштаамро, ки монанди ғунчайи лола тан ба тан доғ бар ҳам бастаанд, дар пеши чашмам варақ-варақ мекушоянд” [6].
Ҷӯрабек ба ҳунари яккахонии «Шашмақом» ҳусну таровати тоза афзуда, дар баробари Боймуҳаммад Ниёзов барои дар миёни мардум барқарор намудани мавқейи пешини мадании он ба ҳадди шойиста саъю тараддуд кардаанд. Кош, овозхони маъруфу маҳбуби мо ин кори бузургро ба як низом дароварда сурудҳои марғуби «Шашмақом»-ро ба тариқи силсила ба навор сабт мекарданд…
Дар омади гап, бояд низ афзуд, ки Ҷӯрабек ҳунарманди соҳибқариҳаю худсоз ҳастанд; эшонро дар овони наврасӣ ягон муассасайи давлатӣ кофта ёфта ва ба зери қаноти худаш гирифта ба таълиму тарбияйи махсус машғул нашуда буд! Дар робита ба ин факти биографии ӯ баринҳо дигар як масъалайи муҳим ва вазифайи мубрам қомат меафрозад: сухан андар самаранок истифода бурдани қудрати маънавии шахсиятҳойи волоистеъдод меравад, ки мисли Ҷӯрабек Муродов зотан нодирагони рӯзгори одамистанд! Ва бад-ин унвон онҳоро ба генофонди тиллоии миллат ворид намуда ҳаматарафа эҳтиёт кардан ҳам фарзи иҷтимойисту ҳам қарзи таърихии ҳамагуна низоми сиёсист, ки худаш худашро давлати миллӣ эълом медорад.
Вале ҳайҳот, ки аз ин ҷиҳат дар ҷомеайи мо об ҳам аз поёну ҳам аз боло лой буду лой монд! Мо, тоҷикон, ки аз таърихи сахту сангинамон барҳақ домангирем, зарурати иҷтимоию таърихии ин амру амали миллатсозро ба тариқе, ки бояду шояд, ҳозир ҳам дарк накардаем. Умуман гирем, дурнамои рушди куллии ҷомеа сусттарин пояи оянданигариҳойи мост, ки сатҳиву тасодуфист.
Сабаби асосиаш ин аст, ки тафаккури иҷтимойии тоҷик ба куллияти хеш на ин ки ифротӣ (чунон ки коршиносони хориҷӣ бар асари заҷркушиҳойи хонагии панҷсолаамон гумон карданд), балки тафритӣ мебошад; тафаккури тафритӣ бошад, тақлидкориро тавлид мекунад – айни ҳамон амру амалеро, ки наққодони гузаштайи мо –
аз Ҷалолиддини Румӣ гирифта то Абдулқодири Бедил – “эй, дусад лаънат бар ин тақлид бод!” гӯён маҳкум кардаанд.
Лекин истед, ки акнун осори онҳоро ба ҷуз адабшиносон боз кӣ қалам ба даст гирифта бо диққат мехонад? Ва агар хонаду дар ҳошияи осори хондааш вокунише кунад, садойи эътирозаш аз ҷумлайи “фарёди бефарёдрас”-и Лоиқ хоҳад буду бас: он ҳам дар мавриди беҳтарин!..
VI
Муносибати кунунии мо ба «Шашмақом» боз як бӯъди муҳимму мубрами маданӣ дорад. Гап болойи пайванди рӯҳонии замону маконҳост, ки аслҳойи фаҳангию наслҳойи одамиро ба ҳам васл намуда, тамомияти таърихию фарҳангии миллатро таъмин мекунад. Барои халқе, ки дар раванди эҳёи маънавӣ қарор дорад, ба хусус оне, ки мехоҳад тибқи таҷрибайи рушди миллатҳойи пешрафтайи ҷаҳони муосир рангу раванди рўзгорашро то тавонистааш дигаргун созад, муҳимтарин масъала — тарзу тариқи азхуд кардани чизи бегона аст.
Чаҳор роҳро медонам, ки барои ҳамаи халқу замонҳо рост меояд: (а) бегонаро ба ҳамон шаклу андоме, ки дорад, пазируфтан, (б) аввал тағйири шакл кунонда баъд қабул кардан, (в) фақат бунмояашро гирифта дар замина ё қолаби он чизи нав офаридан, (г) онро ойинаи ибрат дониста дар пасманзараш чизи комилан нав ба вуҷуд овардан –
то ҳадде, ки минбаъд худаш барои дигарон ойинаи ибрат гардад.
Тариқи аввалро иқтибос мавсум мекунам, дуввумиро тақлидкорӣ, саввумиро эҷодкории тақлидӣ ва чорумиро муколамайи эҷодӣ. Тариқҳои аввалу сонӣ одатан дар овони шогирдӣ корбаст мешаванд, савумӣ дар марҳилайи ҷустуҷўҳойи эҷодӣ ва чорумӣ дар даврони камолоти эҷодии субйекти омӯзанда. Зинаҳои мазкури таҳаввули эҷодкориро аз ҳам садҳои чинӣ ҷудо намекунанд. Як фарди эҷодгар шояд як умр дар зинаи ибтидоӣ монад, дар ҳоле, ки эҷодгари дараҷаи Ҷўрабек метавонад, якбора аз зинаи саввӯм оғоз намояд. Ин ҳама ба заковати фардии эҷодкор вобаста аст, ки азалӣ бувад. Манзурам худи ҳамон заковати фитрист, ки кордонро аз коркун усулан фарқ мекунонад.
Дар омади гап гўям, баъзе тақлидкорони ҳунарвар чунон дар ғояти маҳорат нусхабардорӣ мекунанд, ки сохтаашон аз нусхаи асл монданӣ надорад; то ҷое, ки дур нест ба назари ҳатто коршиносони варзида ҳам ҳамчун офаридайи худи тақлидкор вонамуд мегардад).
Чунончӣ, дар Амрико бо як наққоши эронӣ мулоқот доштам. Ба коргоҳаш даъват намуда, якчанд минётурҳои шарқиро нишон дод ва зимнан бо як табассуми пурмаънӣ гуфт: «Осори қадимист, аз Эрон овардам, то ба музаҳои инҷо фурўхта зиндагиамро дуруст кунам». Одоби муоширати шарқиро баҷо оварда «баҳ-баҳ, аҷаб зебост, ҳунари асил-дия» гуфта худнамоёна ба гузаштагони бузургворамон таоруф кардам. Вале ҳангоме, ки ба сари мизи наҳор нишаста як-ду паймона даркашидем, наққош аз шоире нақли қавл кард:
Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,
Дасте, ки нест масдари эҷод бастанист.
Ва аз худ афзуд: «Қаблан андак шайтанат кардам, маъзарат мехоҳам. Минётурҳое, ки манзури Шумо буданд, аслан эҷодиёти худи ман ҳастанд, дақиқтар гўям, аз офаридаҳои Беҳзод нусхабардорӣ шудаанд. Агар онҳоро дар коғази даврони Беҳзод тарҳрезӣ мекардам, онгоҳ метавонистам ба ҳар музае, ки хостам, ҳамчун моли асили Беҳзод фурўшам, чунки ба истилоҳ беҳзодшиносони инҷойи тамоми зарофату резакориҳои ҳунари қадимии моро ба ҳадде, ки бояд, пай набаранд».
Дар зимн пурсидам: «Агар муродатон аз наққошии тақлидӣ пул кор кардан набошад, пас қасдатон аз ин кор худаш чист?». Наққоши эронӣ ба ман як нигоҳи мағрурона андохт ва гуфт «Агар асли воқеаро гўям, шояд бовар накунед, вале мегўям: манзурам собит кардани он аст, ки ҳунари волои наққошие, ки Беҳзод дошт, аз худи вуҷуди рӯҳи халлоқонайи эронӣ берун омада ва муҳимтар аз ҳама — ҳанўз зиндааст! Барои худи ман, амре, ки ба он пардохтаам, як навъ мусобиқаи эҷодист мобайни наслҳову асрҳойи эронӣ!»)
Аз ин маънӣ тақдидкорӣ худаш ба худаш айбе надорад. Гарчанде, ки тақлидкорӣ дар қиёси халлоқияти асили одамӣ эҷодгарии фаръист, ҳамайи гап болойи маҳорат аст. Фақат бояд низ эътироф кард, ки маротиби имконот ва камолоти ҳар як фард ҳадде дорад, яъне панҷ панҷа баробар нест! Ва ба зӯрӣ баробар кардани онҳо нашояд! Мутаассифона, Офаридгор ба Инсон қудрати ақлу идрок бахшидаву ҳамзамон қуввати маънавие надода, ки битавонад ҳадди имкони ақлу иродаашро донистан! Худи ҳамин ҷост зодбуми он ҳама суитафоҳумҳо ва ифроткориҳойи одамӣ, ки аз рашку ҳасадвариҳои оташбор сар зада эҷодкорони асилро кор кардан намемонад!
VII
Гуфтору пиндорамро андар нақши Ҷӯрабек Муродов дар рушду камоли санъати тоҷик дар садаҳойи XX-XXI бо порае аз каломи мавзуни шоири миллиамон Лоиқи Шералӣ ҳусни анҷом мебахшам, ки ба қавли худаш аз ҷумлайи “дӯстони ҷамолаки”-и Ҷӯрабек буд ва бад-ин унвон бо вай ба ҳамкории самарабахши эҷодӣ пардохтааст. (Гуфтан кофи ст, ки замоне шаби ҳунарнамоии якҷояи Лоиқу Ҷӯрабек мавсум ба “Ширу шакар” машҳуртарин ва дӯстдоштарин барномайи консертӣ, пеш аз ҳама баройи ҷавонон, ба шумор мерафт.)
Лоиқ дар ҷашни панҷоҳсолагии дӯсташ бадеҳатан гуфта буд:
Ҳар кас, ки буд дар пайи озори Ҷӯрабек,
Ҳеҷ аст дар баробари осори Ҷӯрабек!
Бар торҳои ҷони мо оҳанг бастааст,
Оҳанги ҷони мо бувад аз тори Ҷӯрабек!
Ман ба ин сатрҳойи самимонайи дӯсти муштаракамон шодравон Лоиқро, ки гуфтаашро ҳамчун муҷассамайи бадеии эҳсосу таассуроти ҳамнаслонам ва ҷумла ҳаводорони ҳунари волойи Ҷӯрабек Муродов мепазирам, як байти Мавлоно Ҷалолиддинро аз манзумайи ӯ “Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест” афзуданиам, ки худаш ба дӯсти ҷониаш Шамси Табрезӣ мавсум карда буд. Агар хато накунам, ин пандномайи манзуми Мавлавӣ аз ҷумлайи шеърҳойи писанддидайи Ҷӯрабек аст; хусусан ки мӯҳтавояш имрӯз ҳам айни муддао бувад! Аз ин рӯст, ки ҳофизи миллиамон ба он оҳанг баста суруде эҷод кард, ки дар иҷройи
Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест!
Акбари Турсон, академик
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ