Асрори паси парда. Ё бардошт аз Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе

Пас аз дарси дуюм  дар мактаб эълон карданд, ки дар Маркази рушди истеъдодҳо Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  баргузор мегардад. Лоиҳаи ман “Карикатура дар ВАО” дар озмуни мактаб ғолиб омада буд, даври ниҳоӣ бояд дар маркази рушди истеъдодҳо баргузор мегашт.

Мо, як гурӯҳ хонандагони литсейи инноватсионниро ба мошин савор карданд ва ҷониби Маркази рушди истеъдодҳо, ки дар бинои САҲШ-и шаҳри Душанбе ҷойгир аст, раҳсипор шудем. Дар дохили бино касе набуд. Муаллимае ба мо дастур дод, ки  аз қайд гузарем. Баъди аз қайд гузаштан моро ба бахшҳо ҷудо карданд. Ман дар бахши журналистика будам. Дар ин бахш 12 нафар иштирок доштанд. Аввалин шуда Гулбарги Камолиддин суханронӣ кард. Ман дуюмин шуда баромад кардам. Бодиққат ҳар суханрониро гӯш мекардам ва муҳтавои онҳоро бо маърузаи худам  “Карикатура дар матбуоти тоҷик” муқоиса мекардам. Ба ғолибият дилам пур бад. Зеро сари ин мавзуъ ду сол зери сарварии роҳбари илмиам Абророва Моҳира кор карда будам. Ҷамъбасти озмун мисли муносибати ҳакамон маро ба ҳассосият наовард. Меъёрҳо барои муайян кардани ғолиб муайян нашуда буданд. Меъёри ягона симпатияи ҳакамон буд. Агар чунин набуд чаро як бону, узви комиссия, ки худро рӯзноманигори “Ҷавонони Тоҷикистон” муаррафӣ кард, бо саволҳои зерин муроҷиат кард:

-Ту гуфтӣ, ки дар Тоҷикистон танҳо ду карикатурист ҳасту халос.

  -Бале,  танҳо ду нафаре, ки карикатураҳояшон дар маҷаллаву рӯзномаҳо нашр мешаванд, — ҷавоб гуфтам ба ӯ.

Ӯ рад кард.

-Ту магар Неъматуллоҳи Акбарро намешиносӣ?  Ӯ карикатуристи машҳури  Тоҷикистон аст.

 Дар ҷавоб гуфтам :

-Тадқиқоти ман дар атрофи карикатураҳоест, ки дар матбуоти тоҷик чоп шудаанд. Ман дар ягон нашрия карикатураи шахси зикркардаи шуморо надидаам. Ва эҳтимол ҳам кардам, ки шояд чоп карда бошаду аз назари ман пинҳон мондааст.

Ман аз он бонуи рӯзноманигори “Ҷавонони Тоҷикистон” пурсидам:

-Шумо гуфта метавонед, ки карикатураҳои Неъматуллоҳи Акбар дар кадом нашрияҳо чоп шудаанд?

Ҷавоби ин савол хомӯшӣ буд.

Ман суханрониамро идома додам ва изҳор намудам, ки карикатура тарзи баёни пуртаръсири ин ё он мавзуъ аст, вале афсус, ки дар матбуоти Тоҷикистон кам истифода мешавад. Ягона маҷаллае, ки дар мавзуи рӯз карикатураи обдор чоп мекунад, маҷаллаи “Хорпуштак” аст. Зимнан зикр кардам, ки карикатура ҳаҷв нест, он метавонад дар мавзуъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, варзиш ва ғайра бошад.

Он узви ҳайати ҳакамон, корманди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки дар дасташ маҷалаи “Хорпуштак” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд, маро наздаш хонд ва гуфт:  

-Хон, ин ҷо чӣ навишта шудааст?

Ман хондам.

-Маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак”

”Ҷавонони Тоҷикистон” ро ба ман наздиктар оварда такроран  гуфт:

-Хон!

-Нашрияи давлатии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ сарашро боифтихор боло карда гуфт:

-Акнун фаҳмидӣ, ки ин рӯзномаи давлатӣ аст ва дар он наметавонад карикатура нашр шавад!

Хандаам омад, вале худдорӣ карда гуфтам:

-Дар Аврупо, Амрико ва Россия дар рӯзномаҳои давлатӣ карикатура чоп мешавад. Чаро дар матбуоти тоҷик мумкин набудааст?

Ӯ ҷавоб нагуфт ва ман яке аз карикатураҳои “Хорпуштак”- ро нишон додам ва пурсидам, ки магар ин ҷо масъалаи муҳими иҷтимоӣ нишон дода нашудааст? Дар ин карикатура порагирӣ хеле нозук мавриди танқид қарор гирифтааст.

 Дар ҷавоб боз хомӯшӣ.

Ман боз илова кардам. Хуб мебуд, ки ахлоқи костаи ҷавонон, ки мавзӯи доғи рӯз аст, дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба воситаи карикатура пешкаши хонандагон мегашт. Шояд ин роҳи бисёр хуби таъсир расондан ба ҷавонон мешуд.

Ман мехостам посухи рӯзноманигори “Ҷавонони Тоҷикистон”- ро шунавам. Аммо ин дам муаллимае ба наздам омад ва гуфт:

-Баҳс накун, хоб шудаст гую рафта ба ҷоят шин!

Ман гапи одами калонро ба замин нагузоштам ва рафта ба ҷоям нишастам.

Ҳануз ба ҷоям нонишаста, он муаллима, ки низ узви ҳакамон буд, гуфт:

-Аа -а нав ба ёдам расид, соли гузашта ҳам дар озмун иштирок доштӣ, бароят гуфта будам, ки этикаи журналистиро омӯз ва дар ин бора навис!

Дар ҷавоб гуфтам:

-Бале, муаллима ёд дорам, вале мавзӯи лоиҳаи ман махсусияти карикатура дар Тоҷикистон, на этикаи журналистӣ!

Афсус, ки аз амали зери парда хабар надоштам. Барандаи шоҳҷоиза аллакай маълум гашта будааст. Ин як саҳнае буд аз ҷониби ҳакамон.

Барои мо наврасон дидани муносибати ноодилона боиси дилшикастагӣ мегардад, диламонро мешиканад, калимаи адолат маъниашро гум мекунад.  

Даме, ки аз толор берун мешудам як муаллимае оҳиста аз дастам гирифт ва ба гӯшам гуфт:

-Духтарам офарин, заҳмати зиёд кашидӣ, Онҳо нахостанд шоҳҷоизаро ба ту диҳанд, барои ҳамин хурдагирӣ карданд.

Ман даъвои шоҳҷоиза надоштаму надорам. Вале ин озмун бароям дарси дигаре буд, на он дарсе, ки паси курсии мактаб нишаста мехонем.

Нилуфар Ҳамдамова

аъзои ҳақиқии

Академияи хурди илмҳои

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.