Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Давлати исломӣ” дар 70 минтақаи Туркия “лона дорад”

Як узви Ҳизби демократи халқи Туркия дар Твитери худ навишт, дар хонае гуруҳе аз ҷавонон омузиш мебинанд то ба ҳаракати “Давлати исомӣ” бипайванданд.

Орон Ордом, намояндаи Ҳизби демократи халқ ин нуктаро дар твитери худ навишта, ҳамчунин эълон кард, ки Созмони амнияти Туркия аз амалиёти интиҳорӣ, ки гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар ин кишвар анҷом доданд, хабар дошт. Ин ниҳод, навиштааст, намояндаи ҳизби демократи халқ, аз фаъолияти гуруҳи террористӣ огоҳ буд, вале коре накард.

“Ҳама медонанд, ки “Давлати исломӣ” дар ҳадди аққал 70 минтақаи Туркия лонаҳо ва гуруҳакҳои хуфта ва ҳазорон ҷавон дар ин кишвар ба гуруҳҳои террористӣ, аз қабили “Давлати исломӣ” “Ҷабҳаттунусра” ва ғайра мепайвананд”-меафзояд, ин намояндаи ҳизб.

Ин изҳори назари намоядаи кишвари Туркия дар ҳолест, ки бархе кишварҳо мегӯянд, гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” асосан аз тариқи Туркия сарбозгирӣ мекунад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.