Ду донишҷӯ дар Бохтар худкушӣ карданд, ректор шарҳ дод

Соли 2020 ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав худкушӣ кардаанд. Ин донишҷӯён сокинони ноҳияҳои Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ буданд.     

Дар ин бора Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав имрӯз 8-феврали соли равон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. «Донишҷӯёне, ки худкушӣ кардаанд, бисёр донишҷӯёни фаъол буданд. Бо баҳои хуб таҳсил мекарданд»,-гуфт номбурда. Ҳамчунин, Давлатзода илова кард, ки худкушии донишӯён ба таълиму таҳсил дар донишгоҳ ягон рабт надорад. Зикр шуд, ки яке аз онҳо пеш аз худкушӣ кардан дастхате  навиштааст, ки “Ба марги ман касе гунаҳгор нест, ҷуз худам. Ман намехоҳам рӯям ба рӯйи модарам расад”.

Ҳамчунин, 3-феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон гуфта шуд, ки соли 2020 дар ҳудуди вилоят 149 ҳодисаи сӯиқасд ва худкушӣ сабт шуда, назар ба соли 2019-ум шаш дарсад кам мебошад.  

Машраби Аловиддин    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *