“Барқи тоҷик” аз ангишт ҳам қарздор будааст…

Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, ки ба ширкати “Барқи тоҷик” тааллуқ дорад, барои ангишти истифода кардааш аз соли 2019 ба ин сӯ беш аз 120 миллион сомонӣ қарздор будааст. Пардохт нашудани пули ангишт ба маъумрияти кони “Фон-Яғноб” имкон намедиҳад, ки ба усули зеризаминии истихроҷ гузарад. Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ҳамарӯза беш аз шаш ҳазор тонна ангиштсанг масраф карда, то 80 дарсади талаботи сокинони пойтахт ба нерӯи барқро таъмин мекунад. Ҳамарӯза ин марказ 8 миллион киловатт соати нерӯи барқро бо сарфи беш аз шаш ҳазор тонна ангишт тавлид мекунад.Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарзи истифодабарандагони нерӯи барқ ва гармӣ дар назди ширкати “Барқи тоҷик” ба се миллиарду 52 миллион сомонӣ расида аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *