Рӯзи 29 август, Эмомалӣ Раҳмонови 26-сола, сокини ноҳияи Восеъ ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Зоир Тошмадови 59-сола, сокини ҳамин ноҳияро пахш кардааст.

Дар натиҷа, велосипедрон дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 29  август, сокини деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Саидраҳмати Норзодаи 27-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21214»,  ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Даштӣ дар гардиш автомашинаро чаппа намудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур, хурдсол Муҳаммадҷон Суфиеви 1 сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *