Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дугонаҳои нашъаҷаллоб дар Душанбе

Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз ошкор шудани як шабакаи духтарони ҷавон, ки ба фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ дар пойтахт машғул буданд, хабар дод.

Бино ба иттилои манба як дона ҳаби МДМА (экстази) дар дасти ин нашъафурӯшон 450 сомонӣ нарх дошта, онро асосан ҷавонони нашъаманд аз қишрҳои доро истеъмол мекунанд. Агентӣ гуфт, дар аввали моҳи феврали соли 2020 аввал Надежда Латипова ном нафареро бо 2 ҳаб (таблетка)-и метилендиоксин-метамфетамин (МДМА) боздошт карданд. Латипова баёнот додааст, ки маводи мухаддирро аз дугонааш Ҳамробоева Мадина бо лақаби «Яна» мегирифт. «Яна» ба навбати худ вақте ба даст афтод, ки мехост ду ҳаби МДМА-ро ба одами мақомот бо нархи 900 сомонӣ бифурӯшад. Баъди боздошт «Яна» баёнот дод, ки ҳабҳоро аз дугонааш Носирова Фотима Шерзодовна бо лақаби «Далида» мегирифт. Рӯзи 7 феврал Носироваро дастгир карданд ва ӯ ангушт ба тарафи дугонааш Маликмуҳамедова Дунё Рустамовна бардошт.Маликмухамедова рӯзи 8 феврал бо 20 ҳаби МДМА (5 ҳаб дар дасташ ва 15 ҳаби дигар аз хонааш ёфт шуд) ба даст афтод ва гуфт, ӯро бо ин навъи маводи мухаддир «Даврон» ва «Эгам» таъмин мекунанд. Тафтишот исми «Даврон» ва «Эгам»-ро ҳам муайян кард. Маълум шуд, ки «Даврон», яъне Ашӯров Даврон Ҷумъахонович қаблан аз ҷониби кормандони корҳои дохила бо 60 ҳаб дастгир шудааст. Нисбат ба ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.