Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Душанбе дар қатори 33 шаҳри бадтарин барои зиндагӣ дар ҷаҳон

Бузургтарин бунёди машваратии манобеи инсонӣ дар ҷаҳон Меркер(Mercer) бо нашри як тадқиқот 33 шаҳри бадтарини ҷаҳон барои зиндагиро муйян кардааст, ки Душанбе дар ин раддабандӣ дар ҷойи 16-ум қарор дорад.


Ин маркази тадқиқотӣ дар маҷмӯъ ҳолати зиндагӣ дар 450 шаҳри ҷаҳонро таҳқиқ намуда, ба ин натиҷа расидаааст, ки вазъият ё кайфияти зиндагӣ дар 33 шаҳри ҷаҳон дар ҳолати бадтарин қарор дорад. Тадқиқоти мазкур бар асоси шохисбандии зерин сурат гирифтааст: Муҳити сиёсӣ ва иҷтимоӣ(яъне, суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ), вазъияти иқтисодӣ(муқаррароти арзӣ ва хадамоти бонкӣ) муҳити фарҳангӣ ва иҷтимоӣ(озодии расонаҳо, сензура ва маҳдудияти озодиҳои фардӣ) вазъияти тиб ва саломатӣ(хизматрасонии тиббӣ, бемориҳои сироятӣ, ҷамъоварии партов, олудагии ҳаво), мактабу маориф( вуҷуд доштани мактабҳо бо стандартҳои байналмилалӣ) ва ғайра.

Дар ин тадқиқот, ки бар асоси шохисҳои номбурда сурат гирифтааст, шаҳри Душанбе аз Тошканду Бишкек ва Ишқобод чанд рада болотар, вале дар қатори шаҳрҳое ҷой гирифтааст, ки бадтарин кайфияти зиндагиро доранд.

Бояд гуфт дар ин радабандӣ мақоми аввал ба Пойтахти Африқои Марказӣ  ва мақоми дуюм ба Санъо, пойтахти Яман тааллуқ дорад, ки ба қатори бадтарин шаҳрҳо барои зиндагӣ дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ин марказ ҳар сол натиҷаи тадқиқоташро дар хусуси шаҳрҳои беҳтарину бадтарин барои зиндагӣ нашр мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.