«Гунаҳкорон»-и бегуноҳ: Бо айби кӣ доллар дар Тоҷикистон камчин шуд?

  Камчин шудани доллари ИМА дар мамлакат, ки боиси нигаронии шаҳрвандон гашта, назарҳо бобати маншаи зуҳури ин мушкил яксон нест. Ин мавзӯъ барои воситаҳои ахбори омма нав набуда,  қаблан баъзе журналистон пешниҳод карда буданд, ки мақолаҳои  “тоҷирон ба Хитой доллар нею рубл баранд”. 

  Аз вокуниши раиси Бонки миллӣ ба ин масъалагузорӣ  бармеояд, ки аз соли 1993 кӯшиши зиёди ташкил кардани низоми пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунии дутарафа ва ё бисёртарафа бо истифода аз асъори миллӣ аз ҷониби давлатҳои собиқ шӯравӣ дар ҳайати ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭс) бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

    Чунин ҳолатро раиси Бонки миллӣ  “ба мавҷуд будани сабабу монеаҳои зиёди сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, ҷой доштани мухолифати манфиатҳо дар байни давлатҳои алоҳида рабт додааст. Масъулини Бонки миллӣ  муътақиданд, ки “бо рубли русии нақд хариди молу маҳсулот аз Хитой аз ҷониби тоҷикон ғайриимкон аст, зеро рубли русӣ асъори озод мубодилашаванда (захиравӣ) набуда, хитойиҳо онро дар ҳисоббаробаркунӣ бо тарафи сеюм истифода намебаранд”.

   Аз ҷониби дигар, асъори миллии нақд, дар савдои наздисарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон истифода гашта, бинобар хусусиятҳои хоси географӣ ва мавҷуд набудани шароити ташкили савдои наздисарҳадӣ бо Хитой истифода намешаванд.

  Ин гуфтаҳо дар зеҳн андешаро, бобати он ки  доллари ИМА дар савдои хориҷӣ мавқеи ҳукмфармоӣ дошту дорад, тақвият мебахшад.  Мутаассифона, доир ба камчинии доллари ИМА аксарият бидуни далел ва дар такя ба андешаҳои бепоя ибрози назар менамоянд. Қисмати аъзами шаҳрвандон мепиндоранд, ки дар ин масъала муҷрими ягонаву асосӣ Бонки миллӣ аст.

  Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин “хулоса” комилан ғалат ва маҳсули тахайюли ашхоси аз нозукиҳои бахши иқтисод бехабар мебошад.  Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки сабаби асосии норасоии асъор дар бозори дохилӣ фарқият байни воридоту содироти мол ва хизматрасониҳои байналмилалӣ мебошад, ки дар соли гузашта  тақрибан 3 баробарро ташкил дод.

   Табиист, ки дар ин ҳолат асъори хориҷӣ барои пардохти ин фарқият равона гардида, дар натиҷа, камчинии асъори хориҷӣ (доллари ИМА) дар бозори дохилӣ ба вуҷуд меояд.

   Дар робита ба ин масъала, чанд пеш, зимни нишасти матбуотӣ  вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода омори ҷолибро рӯнамоӣ кард. Бино ба гуфтӣ ӯ, дар шаш моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ ба 2136,9 млн. доллари ИМА  баробар гардид, ки дар ќиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 77,9 млн. доллари ИМА ё 3,8 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумҳурӣ ба маблағи 570,6 млн. доллари амрикоӣ молу маҳсулот содирот   шуд, ки  ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ ҳамагӣ 26,7 фоиз аст. Мояи нигаронӣ он аст, ки дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 1 566,3 млн. доллари амрикоӣ молу маҳсулот  ворид шуда, ҳиссаи воридот дар гардиши савдои хориҷӣ  73,3 фоизро ташкил медиҳад.

  Маълум аст, ки  воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар асосан тавассути фурӯши пахта ва алюминийи аввалия сурат мегирад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   соли 2018 ба маблағи 165,3 млн.доллари ИМА пахта содирот шудааст, ки аз фурӯши он 148,9 млн. доллари ИМА ба бонкҳои кишвар ворид гардид. Оид ба алюминийи аввалия, ки маблағи содироти он 199,3 млн.доллари ИМА-ро ташкил менамояд, бояд қайд намуд, ки маблағи аз фурӯши маҳсулоти номбурда бадастомада ба резидентҳои Тоҷикистон тааллуқ надорад. Танҳо маблағ барои хизматрасонӣ (коркарди он) ба Тоҷикистон аз ҷониби ғайрирезидент (соҳиби гилхок) пардохт мегардад, ки  соли 2018 маблағи 36,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд.

   Ба ғайр аз алюминий ва пахта, аз кишвари мо ба хориҷи кишвар нахи пахта, неруи барқ, газвор, сангу фулузоти қиматбаҳо, маҳсулоти маъданӣ ва ғайра содир мешавад, ки ҳиссаи онҳо дар воридоти асъори хориҷӣ зиёд нест.

  Эътироф бояд кард, ки аксарият бобати камчин шудани доллари ИМА ба фолбинӣ машғул буда, сабабҳои аслӣ — таъсири омили мавсимӣ, зиёдшавии бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (зиёд будани ҳаҷми воридот аз содирот), коҳишёбии аз эътидол беруни қурби рубли русӣ,  баландшавии қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ вобаста ба сиёсати низоми захиравии федералии ИМА, ноустувории вазъи геосиёсии иқтисодӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёт ва асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратиро нодида мегиранд.

    Қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст, ки новобаста аз баланд будани сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт, вобастагӣ аз интиқоли пул  ва сабабҳои дигар талаботи муштариён бо асъори хориҷӣ дар доираи имкониятҳои мавҷудбуда таъмин гардида истодааст.

   Дар посухи суоли ба ин масъала дахлдошта   зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки талабот ба доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дар як рӯз 25 миллион долларро ташкил медиҳад. Шояд каси касон иттилоъ доранд, ки ташкилотҳои қарзии мамлакат ҳар рӯз аз 2 то 15 миллион доллари ИМА-ро ба шаҳрвандон дастрас мекунанд. Зикр шуд, ки норасоии асъори  хориҷӣ хусусияти мавсимӣ дошта, он вобаста ба талаботи шахсони воқеию ҳуқуқӣ  дар шашмохаи аввали сол мушоҳида мегардад ва батадриҷ муътадил  мегардад.

  Дар идома аз он қаноатмандӣ гардид, ки  дар давоми шаш моҳи соли равон қурби расмии сомонӣ  нисбат ба доллари  амрикоӣ 0,1 фоиз коҳиш ёфт, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 3,7 банди фоизӣ кам  мебошад. Устуворшавии  қурби пули миллии шарикони  асосии тиҷорати  Тоҷикистон, аз қабили рубли русӣ 9,2 фоиз,  рубли беларусӣ — 5,4, тангаи қазоқӣ -1,0   ва юани чинӣ  0,1 фоиз нисбат ба доллари амрикоӣ,   ба муътадилии  қурби сомонӣ  замина гузошт.

   Тибқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”  ин ниҳод дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда буда, ба парлумони касбӣ Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисобот оид ба иҷрои онро  пешниҳод мекунад.  Дар дурнамои мавриди назар, ки бисту сеюми ноябри соли 2018 ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, қабул шуд, ин масъала мадди назар қарор дорад.

 Зимни муарррифии ин ҳуҷҷат Ҷамшед Нуқрмаҳмадзода минҷумла гуфта буд, ки “иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳамгироӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дорад ва ҳар гуна буҳрони молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла таҳримҳо ба муқобили кишварҳои шарики тиҷоратӣ, ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин робита, дар доираи стратегияи қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои замонавии фаъолияташон ба содирот нигаронида корҳои муайян ба анҷом расонида шуда истодаанд, ки ба ин васила, мо имконияти зиёд намудани захираҳои байналмилалии асъорию тиллоии давлатро муҳайё менамоем”.

   Ҷиҳати тақвият додани раванди дедолларизатсия (коҳиш додани истифолдаи доллари ИМА) низ роҳбарияти Бонки миллӣ азми қавӣ дошта, дар доираи ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, лоиҳаи Консепсия ба Харитаи роҳи гузариш ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллии кишварҳои аъзои Созмон пешниҳод шудааст ва айни замон механизми татбиқи он мавриди омӯзиш қарор дорад. Ғайр аз ин, ҷиҳати бастани шартномаҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои истифодаи асъори миллӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.

  Илова бар ин, бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, дар самти татбиқи барномаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор гуфтушунид идома дорад. Мавҷудияти чунин барномаҳо бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ имкон медиҳад, ки мо бештар захираҳои молиявиро бо асъори хориҷӣ барои тавозуни пардохт ва дастгирии Буҷети давлатӣ ҷалб гарданд.

   Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода мавҷудияти ин мушкилро эътироф карда, ба он назар аст, ки ба василаи вусъат бахшидани истеҳсолот, танҳо бо асъори миллӣ амалӣ намудани муомилот, густариши хизматрасониҳо ба сайёҳон метавон вуруди асъори хориҷиро ба мамлакат зиёд кард.

   -Аз ҷониби Ҳукумат барои расидан ба ин ҳадафҳо шароит фароҳам шуда, масъулинро мебояд аз онҳо бетаъххир ва самаранок истифода намоянд. Барои мисол, ҳадафи чоруми стратегӣ эътироф шудани саноатикунонии босуръати кишвар имконияти хубест барои зиёд намудани истеҳсоли молу маҳсулоти  рақобатпазир.  Бегуфтугӯ, дар сурати дуруст роҳандозӣ шудани кор дар ин самт  таносуби воридотро коҳиш додан имконпазир мегардад.  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 низ идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб шуда, имкон фароҳам аст, ки тавассути  сайёҳон ба кишвар беш аз пеш асъори хориҷӣ ворид шавад,-гуфт номбурда. 

   Дар ҳоле ки масъулини блоки иқтисодии кишвар аз фарқияти воридот нигаронӣ доранд, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, бо зикри он ки дар шаш моҳ содирот 8,1  ва воридот 2,3 афзуда, тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуд, қаноатманд аст. Моҳиятан ин суханон “як бому ду ҳаво” мебошанд, зеро номбурда шарҳ надодааст, ки содирот 570,6 миллион ва воридот 1566,3 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, “ин куҷову он куҷо”?

  Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки камчин будани доллар, то замоне  ки фарқияти зикршуда рафъ нагардад, идома ёфта, гунаҳкор намудани ин ё он сохтори алоҳида  дар ин масъала мантиқан нодуруст аст.

Далер Мерганов,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *