Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муфтии Тоҷикистон: Дар хона намоз гузоред, агар…

Имрӯз, 20-уми март Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон дар вақти адои намози ҷумъа бештар атрофи коронавирус ва дубора боз шудани масҷидҳо суҳбат кард.

Ӯ ба намозгузорон гуфт, ки дар сурати аз тарафи мақомоти кишвар дубора баста шудани масҷидҳо дар Тоҷикистон мухолифат нишон надиҳанд. “Баръакс, тозагиро риоя намуда, дар хонаи худ намоз гузоред. Дуо кунед, ки Худованд Тоҷикистонро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорад. Имрӯз ин вирус тамоми кишварҳои абарқудратро фаро гирифтааст. Ҳатто ҳеҷ яроқ ва аслиҳаи ҷангӣ пеши онро гирифта наметавонад. Шукр, дар Тоҷикистон хотирҷамъист. Инсон бояд таваккал ва такя ба Парвардигор кунад. Гумони бад ва фолбинӣ хоси ислом нест. Инчунин, инсон бояд тарсу набошад. Аз гуноҳ ва фиреб мебояд ҳаросид. Аз бемориҳои сирояӣ ҳазар кунед. ”-гуфт муфтӣ.

Ёдрас мешавем, ки тасмими манъ намудани намозҳо дар масҷидҳои Тоҷикистон, ба истиснои намози ҷаноза, ду ҳафта пеш сурат гирифт. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт: «Вазъи масҷидҳои кишвар то ду ҳафтаи пеш сахт осебпазир буд. Ба ин хотир, чораҳои беҳдоштӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, ҳама масҷидҳои кишвар дезинфексия карда шуданд ва баъди нисбатан беҳтар гардидани вазъият Шӯрои уламои кишвар салоҳ донист, ки дубора намозҳои дастаҷамъона дар масҷидҳои кишвар баргузор карда шавад”.

Аммо мушоҳидаи хабарнигорони «Pressa.tj дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе нишон дод, ки имрӯз нисбат ба намозҳои қаблии ҷумъа мардум каманд. Бархе ба даҳону бинӣ ниқоб бастаанд. Таъмини амнияти намозгузоронро кормандони ҳифзи ҳуқуқ назорат мекарданд.

Коронавирус: Аз манъи сафар то омори гирифторон

Боз шудани дари масҷидҳо ба рӯи намозгузорон дар ҳолест, ки хуруҷи коронавирус мақомоти чанд кишварро водор кард, ки намозгузорӣ дар масҷидҳоро манъ кунанд. Аз ҷумла, дар Эрон намогузорӣ дар масҷидҳо манъ шудааст. Дар Ӯзбекистон низ баъди ошкор шудани чандин ҳолати гирифторони коронавирус дари маҷидҳо ба рӯи намозгузорон баста шудааст.

Коронавирус дар Қирғизистон

Тибқи маълумоти охир дар Қирғизистон 3 ҳолати бемории коронавирус ошкор шудааст. Вазири тандурустии ин кишвар Космосбек Чолпонбоев мегӯяд, ки беморӣ аз коронавирус шаби 18 март дар 3 шаҳрванд ошкор шуда, ҳанӯз рӯзи 12 март аз Арабистони Саудӣ омадаанд. “Онҳо дар хонаҳояшон зери назорати табибон буданд. Рӯзи 16 март ҳарорати бадани яке аз онҳо баланд шуда, ташхисҳо дар ӯ ва боз ду нафари дигар сироятёбиро тасдиқ кард. Айни замон ҳамаи онҳо зери назорат қарор доранд”, — гуфт вазир. Ҳоло дар Қирғизистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус карантини 21- рӯза эълон кард. Карантин аз 16 март оғоз шуда, то шашуми апрели соли равон идома хоҳад ёфт. дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Қирғизистон низ таътил эълон шудааст. Мақомоти ин кишвар тавсия медиҳад, ки кӯдакон низ барои пешгирӣ аз густариши коронавирус дар хонаҳои худ бимонанд. Ҳамчунин, сафарҳои кории мақомоти расмӣ манъ шуд.

Қатъи парвоз дар масири Душанбе-Тошканд

Аз 16 то 28 март парвози ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе-Тошканд бо сабаби хуруҷи коронавирус дар Ӯзбекистон муваққатан қатъ гардид. Ин тасмим дар асоси барқияе, ки аз ҷониби Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» (Uzbekistan Airways) ба мақомоти авиатсионии Тоҷикистон расидааст, сурат гирифт.Парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкати «Сомон Эйр» ва ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» анҷом дода мешуданд. Ҳоло гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 3 нафар расида, 10 кас ба ҳалокат расидааст.

Манъи вуруди хориҷиён ба Русия

Русия сарҳадашро барои вуруди хориҷиён муваққатан баст.
Ҳукумати Русия мувофиқи қонуни кишвар ва шартномаҳои байналмилалӣ, дар бораи маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд ба қаламраваш, қарор баровард.
Қарори мазкур аз ҷониби Сарвазири кишвар Михаил Миншустин ба хотири ҳифзи саломатии шаҳрвандон аз коронавирус қабул шудаааст.

Миншустин аз ин қарор аллакай ҳамтои худ аз Тоҷикистон — Қоҳир Расулзода ва ҳамчунин сарвазирони Белорус, Озарбойҷон, Армнаистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро бохабар кард.
Дар баробари ин, қарор ба дипломатҳо, ронандагони мошинҳои боркаши байналмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову киштиҳо, ҳайатҳои расмӣ, соҳибони санади иқомати доимӣ дар Русия ва мусофироне, ки тариқи масири транзитӣ ба ин кишвар парвоз мекунанд, дахл надорад. Ҳоло, дар Русия гирифтони коронавирус ба 200 нафар расида, 1 нафар ба ҳалокат расидааст.

Омори коронавирус

Тибқи маълумоти охир, яъне то нисфирӯзии 20-уми март дар саросари дунё 248 ҳазор ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор қариб 86 ҳазор нафар муолиҷа ва шифо ёфтаанд.

Тоҷикистон аз коронавирус озод боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти Вазрати тандурустӣ, дар кишвар ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус сабт нашудааст.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ҳоло ягон ҳолати коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Ба тавсияи мутахассисон, барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, ба пардаҳои луобӣ: бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонад.
Усмон Раҳимзода,

«Тоҷикистон»

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.