Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ояндаи инсон чӣ гуна аст? Антропология, психология ва ҷаҳони имрӯз

Баҳснопазиртарин ҳақиқати зиндагӣ дар он аст, ки ҳар инсон дар тамоми умри худ шахсияти худро бунёд мекунад. Ин шахсият, новобаста аз он ки муаллифи тақдири худ аст ё не, маҳсули амалкардҳои хеш мебошад. Инсоне, ки худро шинохта наметавонад, метавонад зери худшиносии дигарон қарор гирад.

Хирад – бунёди олам

Нигоҳи антропологӣ муътақид бар он аст, ки агар сарнавишти худро ба даст нагиред, бояд эътироз ҳам накунед, ки дигарон онро ба даст мегиранд. Аммо ин фикрро дар сухан эътироф кардан як чиз буда, онро дар ҳар як мавриди ҷудогона ва дар ҳар як соҳаи муайяни зиндагӣ татбиқ кардан чизи дигар аст. Ҳамакнун эътироф бояд кард, ки дар назди илмҳои антропология (инсоншиносӣ), психология (равоншиносӣ) ва психоанализ мундариҷаи бой ниҳон аст. Дар замири ин донишҳо ҳаёти инсон ниҳон аст. Ҳамаи фикрҳои бузурге, ки то ҳол барои шинохти инсонҳо баён шудаанд, дар маънои умум нисбӣ мебошанд. Мутлақ нестанд. Асосӣ воқеӣ ва ғайривоқеӣ доранд. Фикри асосӣ, дар бораи он ки тамоми пешрафти таърихи инсоният маҳсули “идея”, “фикр” ва “қобилияти шинохт” буд, дар шуури ҳамаи одамон дар шакли баробар ҷой нагирифтааст. Яъне, ба фикр такя намуда ва воқеиятро мувофиқи фикр барпо мекарда бошад. Ҳамон Анаксагор нахустин шуда гуфта буд, ки оламро Nus яъне Хирад идора мекунад, лекин фақат акнун дар замони пасомодернизм инсонҳо ба дараҷаи эътироф намудани чунин нуктае расиданд, ки “фикр бояд воқеияти рӯҳиро идора кунад”. Инсон ҳамон чиз мешавад, ки дар фикронааш ҳаст. Фикр ин чиз аст. Мазмуни идеявии он дар шакли  материалӣ зуҳур мекунад. Он ҳамчун организми зинда хосияти диалектикӣ дорад. Метавонад догматизм бошад, фиреб диҳад ва баръакс…  Дар баъзе маврид реалӣ ва дар ҳолатҳои дигар характери хаёлӣ (утопиявӣ) мегирад. Чунин эътиқод, ки инсоният ҳеҷ набошад дар вақти ҳозира дар маънои умум ба пеш меравад, бо баҳамзиддии фикрҳо, эҳсосҳо, орзуҳо ва ба рушди идея ва идеалҳо алоқамандии зич дорад. Баҳси мақола низ аз нигоҳи мантиқ ва методологияи инсоншиносӣ ва феноменологияи равоншиносӣ баён кардани қонуният ва образҳои тафаккур, фикр, рӯҳ ва хусусиятҳои марбут ба он дар ҷаҳони имрӯз аст. Ҳамакнун дар ҷаҳони имрӯз рушд кардани антропологияи худӣ ва психологияи худӣ рақобатҳоро дар ҳар як соҳаи муайян ба вуҷуд овард. Рақобатҳо эгоизм нестанд. Аммо рақобатҳои носолим характери эгоистӣ доранд.    

Фалсафаи шинохт!

Баҳсангезтарин ҳақиқати зиндагӣ, фалсафӣ дар он аст, ки Инсон ба хотири чӣ ва чаро зиндагӣ мекунад?… Мо аз куҷо омадаем, то ҷое медонем, аммо ба куҷо равонем, инро то ҳадди охир дониста наметавонем. Лекин бояд донем, ки дар куҷо истодаем, дар кадом сатҳ қарор дорем… Агар мо ҳама хосиятҳои равонӣ, ақлонӣ ва фикрии инсонро медониста бошем, пас мо худи инсонро ҳам медонем. Дар ин маврид Гегел мегӯяд: “баъзеҳо гумон мекунанд, ки одамро табиатан некхӯ аст гуфта, бо ҳамин фикри фавқулода чуқуре баён карда бошанд; вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки одам табиатан бадхӯ аст гуфтан, фикри хеле чуқуртар аст”. Фикр мекунам чунин вазъ, дар он зуҳур меёбад, ки агар инсонҳо табиатан некхӯ мебуданд, идеяҳои адолат, озодӣ ва баробарӣ тамоман пайдо намегардиданд. Ин идеяҳо барои он ба вуҷуд омаданд, ки худи ҳамин инсонҳо нисбат ба ҳамдигар бадиро раво диданд. Аз ин ҷо ба чунин хулосае мерасем, ки то ҳол мо тамоми асрори маънавӣ, фикрӣ ва ботинии инсонро кашф накардаем. Дуруст аст, ки ба ҳосил кардани дониши саҳеҳ дар бораи табиати инсон ва расидан ба моҳияти он ҳанӯз хеле вақти зиёд ҳаст. Вақте ки инсон аз батни табиат баромад, на ин ки инсон, балки фақат махлуқи табиат буд. Инсон маҳсули инсон, маҳсули меҳнат ва маданият, маҳсули идея ва таърих аст. Ҳаёт барои ҳамаи мо имкониятҳои бузург медиҳад, вале мо маҳз бо сабаби нашинохтани имконият онро аз даст медиҳем. Худ як лаҳза зинда будан имконият аст. Имконият барои номи ҷовидон гузоштан ва ғ. Инсоне ки дар ин роҳ мақсади дақиқ дорад, ҳатто бо вуҷуди монеаҳо ӯ боз ба пеш меравад. Худро бунёд мекунад. Инсоне ки ҳадаф надорад, ҳатто дар роҳи рост ҳам наметавонад ба пеш равад. Некӣ кунад. Зиндагӣ бе мақсад намешавад. Предмети ҳар як мақсад аз рӯи зарурат ба худи мақсад айният дорад.  Аз ин рӯ, мо тарафдори фикри боадолат ҳастем. Аммо будани фикри шахсиро зарур медонем. Яке аз аломатҳои шахсияти худогоҳ низ ҳамин аст. Ба назар хатарнок менамояд, агар инсон аз як нуқтаи назар ба ҷаҳон нигоҳ мекунад. Адолат натиҷаи шинохт аст. Инсоне ки қобилияти шинохт надорад, нисбати инсонҳо боадолат рафтор карда ҳам наметавонад. 

Ояандаи инсон чист?

Футурология ё худ оянданигарии илмӣ соҳаест, ки равандҳои ақлнорасӣ сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро бо истифода аз метод ва методологияи илмӣ пешбинӣ ва хулосабарорӣ мекунад. Он на ба саволи “мо аз куҷо омадаем?”, балки “мо ба куҷо равонем” посух додан мехоҳад. Аммо ба назар муҳим он аст, ки ба суоли “мо дар кадом сатҳ қарор дорем?”, ҷавоб диҳад. Донистани он, ки донишҳои молиявӣ, равонӣ, техникӣ ва сиёсӣ дар кадом сатҳ қарор доранд, аз нигоҳи илмӣ муайян гарданд, қудрат ба посух додани “ояндаи инсон чист?” – маълум мегарданд. Индивидуализм (фардгароӣ) яке аз асолатҳои замони мо буда, он шарти кулли ҳаёти инсонӣ дар шароити “либерализми иқтисодӣ” маҳсуб меёбад. Индивидуализм ва модернизм (навпарастӣ) падидаест, ки аз шуури инсонҳо “тақдирпарастӣ” “такя ба қувваҳои осмонӣ” ва дигар идеяҳои қафобарандаро баркандан мехоҳад.  Дар ҳамин замина худи ин ду падида амнияти муносибатҳои иқтисодиро дар имконият баробар карда наметавонанд. Агар оптимистона назар андозем, ҳеҷ гоҳ дар ҷаҳон ба монанди имрӯз барои сарватмандшавӣ ва либерализми иқтисодӣ шароит фароҳам нарасида буд. Аммо ин имконият аз рақобат озод нест. Рақобат – ин озмуни саноатӣ, тарзи озодии индивидуалӣ, масъулият дар меҳнат, муқаррар кардани арзиш, шарти фаро расидани идеалҳои баробарӣ, талаботи муҳимтарини рӯҳи инсон, категорияи иқтисодӣ аст. Аммо бояд иқрор шуд, ки масъала нигоҳи нисбиро талаб мекунад. Ҳама чиз дар ҷаҳон (мафҳумҳои озодӣ, баробарӣ, адолат, сулҳ, муҳаббат, нафрат, сарватмандӣ, саломатӣ ва ғ.) нисбӣ ҳастанд. Мутлақ нестанд. Инсони солимро зарур аст, ки меёрҳои гедонизм (худиҷозатдиҳӣ) ва аскетизмро  (худмаҳдудкунӣ) риоя кунад. Ҳар чизе, ки аз меёри ақлонӣ мегузарад, дар охир худи ҳамон чизро аз байн мебарад. Песимизм нест, агар инсон ба оянда эҳтимолан назари хуб баён намекунад. Оптимизми хушку холи мисли  орзу кардани идеалҳои амалинашаванда аст.

Илм ва қобилияти шинохт

Илм дар асри ХХ1 қудрати беинтиҳо доштани худро исбот карда бошад ҳам, Синои ҳар дард набуданашро низ тасдиқ намуд. Рушди антропология ва психология аз протсеси дониш, аз инкишофи дурударози таърихии илм иборат аст, ки ин илм аз зинаҳои пасти дониш дар шакли эволютсионӣ ба зинаҳои баландтар мебарояд. Аммо ҳеҷ вақт ба ҳамон нуқтае намерасад, ки аз он ҷо вай ҳақиқати абсолютӣ ном чизеро ёфта, дигар пеш намерафта бошад. 

Дар шароити муосир, ки на танҳо барои мустақар шудан дар кайҳон имкониятҳои техникӣ пайдо мешаванд, балки эҳтиёҷоти иқтисодӣ ва буҳрони иқтисодӣ ин имконотро мунтазам талаб менамояд. Бояд иқрор шуд, ки омӯхтани проблемаҳои кайҳонӣ ба  таъмини амният, осудагӣ ва фароҳам овардани шароити иқтисодӣ мусоидат накард, балки ба манфиатҳои геополитикӣ хидмат намуд. Имрӯз ин ҳолатро дар мисоли абарқудратҳо мушоҳида мекунем.

Covid-19 ба инсоният исбот кард, ки давлатҳо абарудрат ва беқудрат мешаванд. Аммо қудратмандӣ низ мафҳуми нисбӣ аст.  Дар ин вазъ ҳамаи кишварҳо мувоҷеҳ ба проблемаҳои иқтисодӣ шуданд. Кишварҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ имкониятҳои маҳдуд доранд, яъне аз ҳисоби андоз даромад мекунанд, эҳтимоли наздик барои ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор шуданро доранд. Агар халқҳо як хафта кор накунанд, миллион-миллион зарари иқтисодӣ мебинанд.  

Covid-19 бори дигар ба инсоният исбот кард, ки Илм на ҳама вақт барои Инсон, балки дар баъзе лаҳзаҳои ҳассостарин Илм барои Илм хидмат мекунад. Ин ҳолат дар таърих такрор ба такрор зуҳур мекунад.

Дар ҳамин маъно эҳтимол, мусибатомезтарин проблемаи асри мо дар он бошад, ки буҳрони монеаҳои сиёсӣ, идеологӣ, болоравии муҳоҷирати меҳнатӣ, нажодпарастӣ, харобсозии радиатсия, заҳролуд гардонида шудани қабатҳои ҳаво, ҳодисаҳои тағирёбии ирсият, буҳрони иқтисодӣ ва экологӣ, тахриботи захираҳои табиӣ, муаммоҳои демографӣ ва рақобатҳо, зиддиятҳо ва муборизаҳои носолимро нагӯем ҳам, мешавад. Моҳиятан анализ, синтез, мушоҳида, муқоиса ва хулосабарориҳои дақиқ он аст, ки дар замири ҳамин равандҳо манфиатҳо ва талаботи беохири инсонӣ ниҳонанд.

Дар раванди чунин шакл гирифтани шуур ва равони ҷамъиятӣ фардро зарур аст, ки бо «зиреҳи ақл ва истеҳкоми рӯҳ зиндагии худро аз балою офат эмин бидорад»(Шекспир). Аммо гурез аз воқеият роҳи наҷот аз ҳалокат нест. Мо ҳамагон акнун андаруни як киштӣ нишастаем. Киштие ки ба гуфти файласуфи кайҳоншинос Акбари Турсон чунон нозук ва ноустувор бувад, ки шояд аз як такони ногаҳонӣ чаппагардон шавад. Хотирнишон бояд кард, ки дар илм фиребгарӣ кардан ва аз ҷиҳати сиёсӣ замонасозӣ кардан нашояд. Олим бояд барои башар хидмат кунад. Фарзанди башар бошад. Олими ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ ба мисли ҳамаи одамони шуҳратпараст фақат дар паи муваффақияти яклаҳзагӣ, дар паи таассуроти ҳаяҷонбахш намебошад. Бояд олим ба назар гирад, ки ҳар як идея, назария ва кашфиёти ӯро инсоният барои чӣ истифода мебарад. Оё инсонҳо ба чунин камоли маънавие расидаанд, ки дастоварди олимро дар роҳи худкушӣ неву балки фақат дар роҳи хушбахтӣ истифода баранд?!… Илм бояд, пеш аз ҳама, барои инсон хидмат кунад. Рисолати олим ва вазифаи илм низ аз ҳамин иборат аст.

Психологияи иқтисод

Таърихи ақлонии инсоният гувоҳ аст, ки инсонҳо бо сабаби қобилияти инсоншиносӣ надоштанашон ва бо хешу таборон муносибат карда натавонистанашон, ба нокомиҳо дучор шудаанд. Иқрор бояд шуд, ки инсонҳо гоҳо тавонманди ва қобилияти шинохтани дигарон он тараф истад, ҳатто барои шинохти худ низ оҷизӣ мекашанд. Гоҳо мо ба инсонҳои бузург бо чашми кам менигарем. Ҳатто баъзеҳо гумон мекунанд, ки танҳо олимону шоирони гузашта бузург буданд. Чунин фикр аз сустии ҷаҳонбинӣ ва инсоншиносии мо сарчашма мегирад. Мо бояд ба иқтидори инсон шак наорем. Аммо фикр мекунам, воқеияти психологӣ ҳаргиз чунон атрибуте нест, ки дар ҳар вазъият ва дар ҳамаи замонҳо ба тартиботи муайяни ҷамъиятӣ ё сиёсӣ хос бошад. 

 Як рӯз зиндагон туро ҳам ёд мекунанд…

 Аз он вақте ки дар осмон офтоб фурӯзон буда, дар гирдаш сайёраҳо чарх мезананд, ҳеҷ гоҳ дида нашудааст, ки одамони бузурги таърихӣ бо вуҷуди маҳдудиятҳои муҳити иҷтимоӣ аз мақсадҳо ва орзуҳояшон даст кашида бошанд. Гумилиёвро се маториба бе гуноҳ зиндон карда буданд. Мотсарт зиёда аз шашсад мусиқӣ эҷод кард, аммо дар маргаш ҳамсараш маблағ наёфт, ки гӯронад. Маркс бо вуҷуди иқтисодчии бузург будан, фарзандонаш аз гуруснагӣ мефавтиданд… Ин гуна мисолҳо охир надоранд. Вақте ки тани хоки ҷон дода мемирад, фикри ҳамагон ба якборагӣ тағйир меёбад.  Пас аз чанд лаҳза инсонҳо эҳсос мекунанд, ки фалонӣ чӣ қадар инсони бузург буд… Маҳз ба ҳамин хотир, инсон сохтан, инсон будан ва инсонро шинохтан аз муҳимтарин ва мураккабтарин вазифаҳои фарзандони бани башар аст. Фаҳмидани он мушкил нест, ки тамоми кӯшишҳои идеалии олимон, нависандагон аз оғоз то ба имрӯз барои сохтани инсон аст. Ҳадафи ниҳоии тарбия низ инсонсозӣ аст. Инсон будан дар маънои фалсафӣ ин сохтани ҷаҳонбинии солимро дар назар дорад. Аммо ҷаҳонбинӣ ба ҳамон андоза агар васеътар бошад, ҳамон мартаба шахсияти одам дар ҷомеа ба мақоми баланд эътироф мегардад. Барои сохтани инсон донистани арзишҳои вуҷудии он кам аст. Болотар аз он нақши муҳити иҷтимоӣ ва истеъдоди табиӣ чизи аз ҳама асосӣ маҳсуб меёбад. Ҳақиқати ҷаҳони имрӯз тасдиқ мекунад, ки сохтани ҷаҳонбинӣ ин дар умум сохтани ҳаёти инсон аст. Ҳеҷ чиз қиматтар аз ҳаёти инсон нест. Мо бояд аз корҳои бузург андешем. Корҳои бузург низ бикунем.

 Аслиддин САЛИМОВ,

 сиёсатшинос

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj