Писари ноиби ҲСДТ-ро аз боздоштгоҳ пайдо карданд

Ҳоҷиакбар Одинаев, писари Маҳмурод Одинаев, ноиби раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки таий чанд рӯзи охир бедарак гардида буд, аз боздоштгоҳи Маскав пайдо гардид, хабар медиҳад “Спудник” дар такя ба саҳифаи фейсбукии Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ .

Тавре Зоиров хабар медиҳад, Ҳоҷиакбари  19-сола, ки рӯзҳои 19 ба 20 январ дар Маскав бедарак гардида буд, аз боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷии “Сахарова” пайдо шудааст.

Бояд гуфт, ки ба ин боздоштгоҳ аксаран хориҷиёнеро мебаранд, ки барои нақзи қонуни будубош дар Русия ҳукми ихроҷашон содир шудааст. Акнун 10 рӯзи дигар зарур аст, ки то қарори ихроҷ ҳукми қонунӣ гирад ва Ҳоҷиакбар Одинаев имкони хариди чиптаи бозгаштро пайдо кунад. 

Маҳмурод Одинаев, ноиби раиси ҲСДТ мебошад, ки номзадияш ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон пешниҳод шудааст. Дар пасманзари пешниҳоди номзадии Маҳмуродов ба парлумон бедаракшавии писари ҷавонаш дар сархати хабарҳо қарор гирифта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *