Президент ба Русия рафт

Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 26 декабр барои иштирок дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД, ба шаҳри Санкт-Петербург рафт. Дафтари матбуоти раёсати Ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ёвари президент дар умури масъалаҳои байналмилалӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Нишасти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД имрӯз, 26 декабр баргузор мешавад. Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *