Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рӯзи баргузор гардидани рақобати Ҳабиб ва Гейҷӣ муайян гардид

Ташкилоти UFC рӯз ва моҳи муҳорибаи қаҳрамони дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов ва қаҳрамони муваққатӣ Джастин Гаҷӣро расман муайян кард.

Президенти UFC Дана Уайт санаи дақиқи рақобати Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гэтҷиро дар як баромадаш эълон кард.

Президенти UFC  гуфтааст муҳорибаи размикори доғистонӣ ва амрикоӣ 24 октябр доир мегардад.

Гуфта мешавад,  мубориза 24 октябр дар доираи UFC 254 баргузор мешавад ва маҳалли баргузории рақобат Лас Вегас ё Абу Даби хоҳад буд.

Дидори  Ҳаби ва Гэтҷӣ рӯзи 19 сентябр дар UFC 253 таъин шуда буд, аммо ба сабаби вафоти падари паҳлавон ва мураббии ӯ Абдулманап Нурмуҳаммадов мавқуф гузошта шуд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар замони фаъолияти варзишияш 28 бор аз рӯи муҳорибаҳои омехта ба октагон баромадаву боре ҳам мағлуб нашудааст.

Нунздаҳ рақобати Ҳабиб таҳти сарпарастии UFC баргузор шудааст. Рақобати охирини ӯ бо Дастин Поре буд, ки бо пирӯзӣ ба анҷом расонид ва мебоист бо  Тонӣ Фергюсон дидор кунад, аммо бо сабаби пандемия ва басташавии марзҳо ин доир нагашт. 

Бояд гуфт, ки Гейҷӣ ҳоло қаҳрамони муваққатии UFC дар вазни сабук буда рақиби варзишкори русиягӣ мебошад.

Унвони қаҳрамонии худро ӯ дар рақобат бо Тонӣ Фергюсон ба даст овард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.