Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рустами Эмомалӣ дар интихобот иштирок мекунад

Дар интихоботи парлумонӣ, ки 1 марти соли равон доир мегардад Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро аз ҳизби ҳокими Тоҷикистон, ҳавзаи интихоботии рақами 25 пешбарӣ карданд, хабар медиҳад АМИТ “Хавар”

Бино бар иттилои манбаъ, номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 дар рафти як конфронс аз ҷониби ҳизби ҳоким пешбарӣ шудааст.

«Конференсияи мазкур дар толори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор гардида, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, раиси Комиссияи ҳавзаи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Комисиссияи ҳавзаи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакилони конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбӣ иштирок доштанд», — мегӯяд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 марти соли 2020 таъйин шудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.