СҶТ: Карантин наметавонад паҳншавии каронавирусро боздорад

Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейюс гуфт, ки чораҳои карантинӣ наметавонанд паҳншавии коронавирусро боздоранд, он танҳо ба суст шудани сироят мусоидат мекунанд.

Вай пайгирӣ, шинохтан ва фосилаи иҷтимоиро роҳҳои асосии мубориза бо паҳншавии вирус номидааст.
«Ҳеҷ кишваре наметавонад тани танҳо ба эпидемия мубориза бурда онро таҳти назорат гирад. Агар вирусро мағлуб кардан хоҳем бояд даст ба дасти ҳам диҳем», гуфт Гебрейсус.

Бояд гуфт, ки то 21 июли соли равон дар ҷаҳон 14,7 миллион ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи фавтидагон ба 609 ҳазор нафар расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *