Сафирони навтаъин дар Тоҷикистон

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат аз сафирони навтаъини як қатор давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Таджибаев, Ҷумҳурии Ҳиндустон Вираҷ Сингх, Ҷумҳурии Исломии Покистон Имран Ҳайдар, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Меттию Лоусон, Гурҷистон Зураб Абдушелишвили, Ҷумҳурии Корея Кан Джэ-квон, Босния ва Гертсеговина Самир Веладзик, Ҷумҳурии Колумбия Алфонсо Лопес Кабалеро, Австралия Грейм Михан ва Ҷумҳурии Федералии Демократии Эфиопия Гирма Тамесген Баркесса ба таманиёти неку шодбошии роҳбарони давлатҳояшон эътимоднома супориданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *