40 дуздии зани тоҷику қирғиз

Ду зан, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз (собиқ Қистақуз)- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрванди Қирғистон дар якҷоягӣ 40 ҷинояти дуздӣ содир кардаанд. Ҷинояти ин ду зан дар ду бозор ва ба таври баробар анҷом шудааст.

Ба гуфтаи Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Бӯстон (пештара Чкаловск),  бештари ҷиноятҳоро дуздӣ ташкил медиҳад, умдатан дар бозорҳои Атуш ва Сомон содир шудааст.

“Наздик  ва калон будани бозорҳои  Атуш ва Сомон, инчунин зиёд будани рафтуо дар ин бозор бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистону Ӯзбекистон  низ сабаби зиёд рух додани ҳодисаи дуздӣ дар шаҳр ва хоса дар байни занҳо шудааст” — зикр намуд Р. Ҳошимзода.

Масалан, Мадина Иброҳимова,сокини маҳаллаи 31-и шаҳри Хуҷанд дар муддати кӯтоҳ  дар ҳудуди бозори Сомон 9 ҷинояти дуздиро дар 6 дӯкони матоъ ва сумкаҳои занона содир кардааст.  Ду зан, ки дар якҷоягӣ 40 ҷиноят содир кардаанд, асосан  сумкаҳои занона, сару либос, пояфзол, матоъро мавриди “шикор” қарор додаанд.

Раиси шаҳри Бӯстон изҳори нигаронӣ кард, ки  новобаста аз он ки дуздии шаҳрвандони кишварҳои дигар дар бозорҳои Атуш ва Сомон рух медиҳад, аз сабаби ҷои содиршавии ҷиноят шаҳри Бӯстон будан аз ҷониби кормандони милитсия  дар ин  ҷо ба қайд гирифта мешавад ва аз ин сабаб шумораи ҷиноятҳо афзоиш ёфтааст.

Фарзона Муродӣ

Тафсилот дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *