Сарояндагони андозгурез

Кумитаи андоз онҳоро фош кард

Санъаткорони  кишвар Мањмадшоева Зулайхо Амонуллоевна,  Холов Суруш Исматуллоевич, Насруллоев Далер Хайриддинович, Юсупов Ғолибчон Давронович, Одинаев Эркинбой Турдибоевич, Сироҷиддинов Мирзобобур Солижонович, Каримова Љамила Додарљоновна, Фахриддини Малик, Бањроми Ѓафурї Давлатова Њабиба,  Мирзоев Сангалї, Фозилов Файзалї ва Мавлонов Абдумалик  аз андоз қарздоранд.

Тибқи маълумоте, ки аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба “Тоҷикистон” дастрас гардид, њолати андозбандии санъаткорон  дар 9 моњи соли 2016 дар маќомоти њудудии андоз мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дода шудааст.

Натиљаи тањлилњои гузаронидашуда нишон медињад, ки аз тарафи на њамаи њунармандоне, ки ба фаъолияти санъаткорї машѓул мебошанд, муќаррароти Қонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродї” аз 19.05.2009 ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи “Ќоидањои андозбандии соњибкороне, ки дар асоси патент ё шањодатнома фаъолият менамоянд” аз 31.08.2012 ва таѓйиру иловањо ба он аз 03.08.2013 риоя карда мешавад.

Мутобиќи маълумот аз Фењристи ягонаи давлатї,  дар миќёси љумњурї ба њолати 01.10.2016 дар маќомоти њудудии андоз 773 нафар (аз љумла: 748 нафар тибќи патент ва 25 нафар тибќи шањодатномаи соњибкорї) аз рўи намуди фаъолияти сарояндагї, навозандагї, раќќосагї, хизматрасонињои мусиќавї, ташкили чорабинињои фарњангї, сабти овоз ва банаворгирии љашну маъракањо ба ќайди давлатї гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии санъаткорон 150 нафари онњо барои фаъолияти сарояндагї, 280 нафар барои фаъолияти навозандагї, раќќосагї ва барандагї, 278 нафар барои фаъолияти банаворгирии љашну маъракањо ва истифодаи наќлиёти махсуси автомобилї дар базмњои арусї ва 65 нафар барои истифодаи таљњизоти радио, телевизион ва дигар ороишот барои баргузории љашну маъракањо њуљљатњои соњибкорї ба даст овардаанд.

Натиљаи тањлилњои гузаронидашуда аз он шањодат медињанд, ки њолати баќайдгирї ва андозбандии санъаткорон дар мањалњо дар сатњи паст ќарор дошта, дар шањру ноњияњои Роштќалъа, Ишкошим, Ќӯрѓонтеппа, Бохтар, Вахш, Ќубодиён, Љ. Балхї, Шањритуз, Н. Хусрав, Сарбанд, Њамадонї, Темурмалик, Норак, Панљакент, Бӯстон, Истиќлол, Айнї, Деваштич, Љ. Расулов, Рашт ва Њисор њамагї аз 1 то 2 адади санъаткор-сароянда ба ќайди давлатї гирифта шудааст, ки ба воќеият рост намеояд.

Инчунин, тибќи тањлилњои гузаронидашуда муайян карда шуд, ки дар шањру ноњияњои Хоруѓ, Ванљ, Рӯшон, Шуѓнон, Мурѓоб, Хуросон, А.Љомї, Љайњун, Ёвон, Восеъ, Фархор, Данѓара, Ховалинг, Балљувон, Гулистон, Истаравшан, Зафаробод, Мастчоњ, Шањристон, Кӯњистони Мастчоњ, Турсунзода, Варзоб, Лахш, Нуробод, Сангвор, Тољикобод, Файзобод ва Шањринав умуман ягон санъаткор-сароянда ба ќайд гирифта нашудааст. Њоло он ки дар шањру ноњияњои зикргардида њамарӯза љашну маъракањо ва дигар чорабинињои фарњангї гузаронида мешаванд, ки дар онњо санъаткорони мањаллї њунарнамої менамоянд.

Омўзиш ва тањлили маълумот нисбати шањру ноњияњое, ки дар онњо фаъолияти сарояндагї умуман ба ќайди давлатї гирифта нашудааст, нишон медињад, ки дар ин шањру ноњияњо дигар фаъолиятњо аз ќабили навозанда, раќќоса, баранда ва банаворгирии љашну маъракањо аз 1 то 4 ададї ва зиёда аз он ба ќайд гирифта шудааст, ки худ гувоњи аз андозбандї дар канор мондани сарояндагон дар шањру ноњияњои зикргардида, дар ин самт дарак медињад.

Тибќи  ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31.08.2012, №451 дар тањрири нав барои фаъолияти сарояндагї навозандагї ва дигар хизматчиёни онњо патент пешбинї гардидааст, ки патент барои фаъолияти сарояндагї бе назардошти коэффисентњои минтаќавї 633 сомонї, фаъолияти навозандагї раққосагї, барандагї дар љашну маъракањо  139 сомонї, истифодаи таљњизотњо барои баргузории љашну маъракањо 210 сомонї ва банаворгирии љашну маъракањо 105  сомонї муќаррар гардидааст.

Натиљаи корњои назоратї ва тањлили њолати андозбандии санъаткороне, ки ба фаъолияти сарояндагї машѓул мебошанд, нишон медињад, ки ягон сароянда дар алоњидагї фаъолияти худро бидуни навозанда, раќќоса, баранда ва дигар хизматчиён барои баргузории љашну маъракањо амалї намуда наметавонанд. Аксарияти онњо бо роњи ташкили гурӯњи алоњида ва ё дар тобеъияти ягон гурӯњи эљодї мебошанд, ки дар аксар маврид сарояндагон бо ба даст овардани як патент дигар хизматчиёни онњо аз андозбандї дур мемонанд.

Омўзиш ва коркарди маълумот нишон медињад, ки на њамаи њунармандоне, ки ба фаъолияти сарояндагї машѓул мебошанд, уњдадорињои андозии худро дар муњлати маќарраргардида ва сари ваќт дар њаљми пурра иљро намуда истодаанд. Чунончӣ,  сарояндагон Мањмадшоева Зулайхо Амонуллоевна   маблаѓи ќарзи андоз ба њолати 01.10.2016 -1521 сомонї, Холов Суруш Исматуллоевич 2928 сомонї, Насруллоев Далер Хайриддинович 6491 сомонї, Юсупов Ғолибчон Давронович 1988 сомонї, Одинаев Эркинбой Турдибоевич 4822 сомонї, Сироҷиддинов Мирзобобур Солижонович 2029 сомонї, Ҷумъаев Мурод Муҳаммадиевич 1396 сомонї, Каримова Љамила Додарљоновна 14831 сомонї, Ашӯров Бањром Бањриддинович 29881 сомонї тибќи патент фаъолияти худро амалї намуда, дар назди буљет ќарздор мебошанд.

Дар баробари ин, њолати пешнињоди эъломияњои андоз аз љониби санъаткороне, ки тибќи шањодатномаи соњибкорї фаъолияти худро амалї менамоянд, нишон медињад, ки на њамаи санъаткорон дар њисоботи андозї  даромади аслии худро дарљ намуда, андозњои љориро ба пуррагї пардохт менамоянд. Масалан, сароянда Фахриддини Малик  аз моњи октябри соли 2015 то инљониб умуман ба маќомоти андоз њисоботи андозии худро пешнињод накардааст.

Ба њамин монанд сарояндагон Бањроми Ѓафурї аз моњи майи соли 2014, Давлатова Њабиба ва Мирзоев Сангалї  аз моњи апрели соли 2016, Абдуллоева Зарина  аз соли 2013, Андубеков Алиназар ва Сиддиќова Саида  аз моњи октябри соли 2014, Давлатова Раљабмо  аз моњи октябри соли 2015, Фозилов Файзалї ва Мавлонов Абдумалик аз моњи апрели соли 2014, Хољаева Шарофат аз моњи январи соли 2016, Мамадамонов Некрӯз  аз моњи марти соли 2014 ва Абдурањмонов Уктамљон аз моњи июли соли 2016 то инљониб њисоботи худро ба маќомотњои андози мањалли фаъолияташон пешнињод накардаанд. Дар баробари ин дар назди буљет аз њисоби сари ваќт пардохт накардани андозњои љории худ дар назди буљет ќарздор мебошад.

Инчунин, тањлили интихобии фаъолияти њунармандоне, ки ба сарояндагї машѓул мебошанд, нишон медињад, ки баъзе аз онњо аз сабукињои ќонунгузорї суйистифода бурда, бо маќсади кам пардохт намудани маблаѓи андозњо барои фаъолияти асосии худ (сарояндагї)  патент нагирифта, дар баъзе мавридњо барои фаъолияти навозандагї, раќќосагї ва барандагї дар љашну маъракањо њуљљатњои соњибкорї ба даст овардаанд. Маблаѓи моњонаи пардохт барои патент аз рӯйи намуди фаъолияти сарояндагї бе назардошти коэффисентњои минтаќавї 633 сомонї ва аз рӯйи намуди фаъолияти “навозандагї, раќкосї ва барандагї дар љашну маъракањо” бошад 139 сомонї муќаррар гардидааст, ки фарќият -494 сомониро  ташкил медињад.Чунончї сарояндагон Идиев Рӯзибой Шофиевич, Шаҳзоди Даврон, Абдуллоев Љумъахон Ѓаниматович, Шамсиддин Бӯриев, Маҳмадов Рустам Хушвахтович, Раҳимов Аброридин Киромиддинович ва Мӯсоев Бозор барои фаъолияти навозандагї, раќқосагї ва барандагї дар љашну маъракањо патент ба даст овардаанд, ки дар асл ба фаъолияти сарояндагї машѓул мебошанд.

Дар баробари ин, баъзе аз сарояндагон аз маќомоти андоз њуљљатњои соњибкорї ба даст оварда, пас аз чанд муддат фаъолиятњои худро ќатъ намуда, бе ќайд дар маќомоти андоз фаъолият менамоянд. Ин  дар њолест, ки аксарияти онњо њамарӯза дар љашну маърака ва барномањои алоњидаи консертї њунарнамої менамоянд.

Мисол, Зафар Аюбї ќаблан аз маќомоти андоз патент гирифта, фаъолияташро 29.04.2015 ќатъ намуда, то инљониб бе ќайд дар маќомоти андоз фаъолияти худро амалї намуда истодааст. Ба њамин монанд,  сарояндагон Наљмиддинов Садриддин 04.05.2016, Сафаргул Юсупова 23.06.2016, Сирољиддин Фозилов 03.06.2015, Сарвиноз Юсуфї 05.12.2014, Иброњимов Бахтиёр 31.12.2015, Ќобилљон Зарипов 04.06.2015, Абдуллоев Толиб 05.01.2015, Рањмонов Ќурбоналї 21.12.2010, Саъдии Бӯризод 06.06.2014, Файзалї Њасан 02.10.2013, Сафаров Љумъахон 07.06.2013 ва ѓайра фаъолиятњои худро ќатъ намудаанд.

Њамзамон, натиљаи мушоњида ва корњои назоратї аз тарафи мақомоти андоз  нишон медињад, ки аксарияти њунармандони номдор, бинобар сабаби маърифати пасти андозсупориашон бо боњонањои фаъолият намудан дар муассисањои давлатии фарњангї, роњбарї намудани гурӯњњои алоњидаи эљодї, фарњангї ва ба таври доимї иштирок намудан дар чорабинињои давлатї аз гирифтани њуљљатњои соњибкорї худдорї намуда, бе ќайд дар маќомоти андоз ба фаъолият машѓул мебошанд.

 

Усмон Ниёзов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *