Тағйироти кадрии Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар раёсати кор бо занон ва оила ва сохторњои дахлдори шаҳрӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кардааст. 

Аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки бо қарорҳои Убайдуллоев, Абдунабизода Шаҳло Абдунабӣ аз вазифаи директори Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” озод ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Сулаймонӣ Парвина Саидраҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва Гулмирзоев Алидод Шарифович аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии “Гулдастон” бо хоҳиши худ озод гардидаанд. Ватанова Шаҳло Ҳасановна ба вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии “Гулдастон”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 3 ноябри соли 2016 таъин гардид

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *