Шавкат Мирзиёев дар корхонаи алюминийи тоҷик-ТАЛКО

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, аз корхонаи алюминийи тоҷик – ТАЛКО – дидан кард.

Ҳукумати пешини Узбекистон аз мухолифони корхонаи алюминий буд ва иддао дошт, ки он муҳити зистро олуда мекунад. Ҳоло ҳукумати нав ба раҳбарии Мирзиёев бо ин корхонаи муҳими Тоҷикистон, ки маҳсулоташ яке аз молҳои асосии содиротии кишвар мебошад, чанд созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.

Корхонаи алюминийи тоҷик дар шаҳри Турсунзода, дар наздикии марз бо Узбекистон ҷойгир аст. ​

Раиси ҷумҳури Узбекистон бо ҳадафи иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) рӯзи 27-уми сентябр ба Тоҷикистон омад. Аз аввали имсол ин сафари дувуми ӯ ба кишвар аст.

Дар ҳамин рӯз марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон – «ТАЛКО-КРАНТАС» низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин корхона тавлиди мошинҳои боркашро дар назар дорад. Ва ду тараф дар бораи бунёди корхона моҳи марти имсол ба тавофуқ расиданд. Қаблан Игор Сатторов, сухангӯи ТАЛКО гуфта буд, ки мошинҳои боркаш ва мошинолот бештар барои бароварда сохтани ниёзи худи корхона зарур аст. «Ҳамзамон бо дархости мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, мошинҳои обу партовкашон дуруст мекунанд», — афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *