Шукурҷон Зуҳуров дипломатҳоро табрик гуфт

Ҳамасола дипломатҳои тоҷик рӯзи 29-сентябро  ҳамчун иди касбиашон ҷашн мегиранд.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон карор дорад, дар ҳамин рӯз  аз фаъолияти кори дипломатҳои тоҷик-яъне сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дидан намуд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамаи дипломатҳои ҷавони ин сафорат ва дар симои онҳо  ҳамаи кормандони соҳаи дипломатияи тоҷикро муборакбод намуда, ба онҳо барори кор орзу намуд.

Дипломатҳои тоҷик, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров ҳамеша татбиқкунандагони сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон буда, барои пешрафту ободии кишвари азизамон саҳми босазое доранд.  Ман онҳоеро, ки ҳамеша дар ин ҷода ба нафъи мардум  заҳмат мекашанд, ҳурмату эҳтиром менамоям.

Дар ин бора Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Tajikistantimes.com»  аз шаҳри Бокуи Озарбойҷон иттилоъ дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *