Суҳбати ошкоро бо режиссёри берун аз Ватан
Вақте Барзу рафт…
— ман шоҳиди гиряи ҳунармандон будам…
— ман шоҳиди афсӯсхӯрии чанд зиёӣ шудам…
— ман шоҳиди хурсандии ҳунармандон будам…
Вақте Барзу рафт…
-пояҳои театри тоҷик футур рафт мегуфт, яке…
-баъди Фаррухи Қосим ӯ буд, ки театри моро нигоҳ медошт, дигар касе нуст, афсӯс мехӯрд дигаре…
Вақте Барзу рафт…
—чанд директор зиёфат ҳам доданд…
-вазири фарҳанг бепарво гуфт: — «рафтани ӯ чизеро тағйир намедиҳад. Аз як гулистон як гулро баранд, назокати боғ намекоҳад»…
Вазир намедонист, ки гулистоне дар асл нест…
Вақте Барзу рафт…
Вақте Барзу дар театри қирғиз шоҳкориҳо кард, сатҳи театрро бардошт, ҷоиза овард, мактаби режиссура сохт, ин ҷо хурсанд мешуданд: — «чӣ хуш аст, ки ҳамватани мо муваффақ аст» ва афсӯс мехӯрданд: — «чӣ бад аст, ки дигар аз мо нест»…
Вақте Барзу «Жас саҳна»-и Алмаато рафт, театри ҷавонони қазоқ шабакаҳои иҷтимоиро метаркониданд: — «Ба назди мо режиссёри бузург меояд»…
Вақте Барзу Тошканд рафт, ҳама ба шӯр омаданд: — «театри мо эҳё мешавад»…
Ин дар ҳолест, ки ҳунармандони мо солҳост мӯя мекашанд, ки режиссёр надорем, кор надорем, асар надорем. Ин дар ҳолест, ки театри тоҷик рӯз аз рӯз футур меравад…
Чунин аст Барзу Абдураззоқов. Гумон мекунам, касе аз аҳли ҳунар мисли ӯ дар маркази таваҷҷуҳ ва пурсарусадо нест. Атрофи касе ин қадар гапу калоча нест, ки дар атрофи ӯ…
Сӯҳбати мо бо Барзу Абдураззоқов дар ҳавлии Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, дар шафати Вазорати фарҳанг доир шуд…
Барзу ва Тошканд
-Шумо вақти охир дар Ӯзбекистон, дар Театри Муқимии ин кишвар машғули таҳияи спектакл будед. Тошканд шуморо чӣ гуна қабул кард?
-Бале, ман ба Тошканд бо даъвати Театри Муқимӣ рафта будам ва дар ин театр аз рӯйи асари Мир Алишери Навоӣ намоиши «Фарҳод ва Ширин»-ро ба саҳна гузоштам. Бояд гӯям, ки муҳити Ӯзбекистон бароям бегона нест ва ин 7-ум ё 8-ум спектакле аст, ки ман дар театрҳои ин кишвар таҳия мекунам. Аммо «Фарҳод ва Ширин» кори барои ман тамоман нав ва таҷрибаи ҷолибе буд, гарчанде дар таҳияи он хеле азият кашидам, зеро нигоҳи ман ва аҳли илми ӯзбек ба асари Алишер Навоӣ фарқ мекард. Бинобар ин хеле баҳсҳои зиёд ҳам дар атрофи асар сурат гирифтанд.
—Ҳамдигарнофаҳмӣ барои чӣ? Гумон намекунам, ки Навоӣ шоири муғлақбаён ва печидаандеша бошад. Ӯ хеле равон ва фаҳмо менависад…
-Бале, ман ҳам гумон мекунам, ки ӯ на он қадар душворфаҳм аст, ки дар Ӯзбекистон тасаввур мекунанд. Баҳс ҳам атрофи он меравад, ки қариб панҷ аср мегузарад ва мардуми ӯзбек шоирро намефаҳманд, зеро ба Навоӣ на ҳамчун ба як шоир, балки ба як идеал нигоҳ мекунанд. Мисли он ки «Қуръон»-ро мехонанд ва бо ишколи надонистани забони арабӣ онро намефаҳманд, аммо мадюнаш ҳастанд. Ҳатто дар Ӯзбекистон ривояте ҳаст, ки гӯё дар ҷаннат фариштае ҳаст, ки мепурсад «Навоиро хондаӣ?» ва агар ҳа, ба биҳишт роҳ медиҳад, вагарна, не. Бубинед, дар чунин муҳит магар мешавад камукости асари Навоиро гуфт? Вақте мегуфтам, ки ин хати сюжет хом аст ё ба охир нарасидааст, онҳо ба шӯр меомаданд ва мегуфтанд «Шумо бояд 1000 сол зиндагӣ кунед, то як мисраи Навоиро бифаҳмед»… Ҳол он ки ба ман душвор набуд, дарки Навоӣ. Зеро ӯ шогирди Абдурраҳмони Ҷомӣ асту луғташ барои мо фаҳмо. Дигар ин ки адабиёти тоҷик асарҳои муҳташаме амсоли «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ, «Хусрав ва Ширин»-и Деҳлавӣ ва ғайраро дорад, ки «Фарҳод ва Ширин»-и Навоӣ калкаи онҳост. Чун диди ман бо олимони ӯзбек фарқ мекард, ин асар ҳамагӣ як маротиба ба тамошобин пешкаш гардид ва рӯзи нахустнамоиш он баста шуд…
-Ба наздикӣ Театри Муқимии Тошканд бо як спектакл ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ дошт. Пас аз тамошои спектакли онҳо ман мушоҳида кардам, ки шеваи кори шумо ва ин ҳунармандон ба куллӣ фарқ мекунад. Кор бо онҳо бароятон душвор набуд?
-То ҳунармандон маро ва ман онҳоро фаҳмидем, ки вақти зиёде гузашт. Ман одатан болои як асар аз 40 рӯз зиёд кор намекунам, аммо дар Ӯзбекистон 2,5 моҳ кор кардам. Ва бовар дорам асари хубе ҳам баромад. Аввал ҳунармандон ҳеҷ асарро қабул карда наметавонистанд, зеро онҳо «Фарҳод ва Ширин»-ро аз рӯйи мухтасаре, ки дар китобҳои дарсӣ ҳаст, мутолиа кардаанд, на асли достонро. Аммо дар муҳлати тамрин онҳо дарк карданд, ки ин асари хуб аст, холигӣ надорад, тӯй аст, бошавқ кор карданд. Рӯзи нахустнамоиш ҳам тамошобини толор ба ду гурӯҳ ҷудо шуд, яке аҳли ҳунари Ӯзбекистон, ки мегуфтанд: «ин як шоҳкорист ва дар бист соли охир дар саҳна чунин спектакл набуд» ва дувум дар нохунак адабиётшиносон, ки кори ман ба онҳо писанд набуд ва билохира корашонро карданд. Аммо барои ман Тошканд як таҷрибаи хуб буд…
-Бастани асарҳо дар сарнавишти коргардонии шумо «маъмулӣ» шудааст. Ин ба рӯҳияи шумо чӣ таъсир мегузорад?
-Хеле таъсири бад, албатта. Ман баъди Тошканд се моҳ ба худ омада натавонистам. Гап дар сари он ки бастани асар ба равони шахс зарба мезанад, одам боварӣ ба худашро гум мекунад… Фикр мекунад, ки ӯ иштибоҳ кардааст ва меандешад: -«Шояд лозим набуд, заҳмат кашидан, назди академикҳо рафта, соатҳо баҳс кардан, бо луғатҳо кор кардан, навоварӣ ҷустан… Шояд мисли ҳама ходаҳоро ба саҳна гузошта, ин тарафу он тараф давонид, кифоя буд?». Намедонам…
Одамон ноҷоя дар театр
—Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон… Умуман, шумо дар муҳимтарин театрҳои Осиёи Марказӣ кор кардед. Дар муқоиса театри Осиёи Марказӣ чӣ вазъ дорад?
-Хуб нест. Чанде пеш маро ба яке аз театрҳои таърифӣ, ки беҳтар аст номашро нагӯям, даъват карданд. Ман хостам дар он ҷо асари Евгений Швартс – «Шоҳи урён»-ро ба саҳна гузорам. Аммо ҳар қадар талош кардам, нашуд ва баъди 18 рӯз партофта, ба Алмаато баргаштам. Зеро дар ин театр, мисли ҳама театрҳои Осиёи Марказӣ аз кор дида, такаббуру худхоҳӣ ва худситоӣ боло рафтаасту касбияте вуҷуд надорад. Мутаассифона, дар театрҳои осиёимиёнагӣ театрҳо ҳадафашонро гум кардаанд. Дигар ин ки театрро одамони ноҷоя ва онҳое, ки аз театр дуранд, зер кардаанд.
-Охирин спектакле, ки дар Тоҷикистон дидед, кадом буд?
-Ёдам нест, зеро хеле гузашт.
-Чанде пеш бо Лутфулло Давлатов – директори Театри Лоҳутӣ суҳбат доштам ва эшон гуфтанд, ки ман Барзуро даъват кардам, то ки асареро гирифта, кор кунад, аммо наомад. Сабаб чӣ буд?
-Ман Лутфуллоро ниҳоят дӯст медорам, зеро мо аз ҷавонӣ дӯст ҳастем, аммо ин ҳарф ҳақиқат надорад. Ӯ маро ягон маротиба даъват накардааст. Мисле ки Вазорати фарҳанг ҳамеша мегӯяд, ки Барзу Абдураззоқовро наёфтем. Аҷиб ки онҳо ҳеҷ гоҳ маро намеёбанд. Вазорати фарҳанг дар хиёбони Рӯдакӣ 34 асту хонаи Барзу Абдураззоқов Рӯдакӣ 35. Маро аз ким — кадом гӯшаи ҷаҳон пайдо мекунанду, ҳамсояҳои худам не…
Нома ба Президент: Барзу душман аст!
-Чанд рӯз пеш бо Давлат Худоназаров суҳбат доштем. Аз эшон суол кардам, ки чаро киноро раҳо кардед. Он кас гуфтанд, ки аз Ватан канда шудам. Дурӣ аз Ватан ба рӯҳияи шумо чӣ таъсир мегузорад?
-Ман аслан чунин фикрро надорам. Банда, як шахси космополит ҳастам. Барои ман як саҳна бошаду 5 актёр кифоя аст. Аммо ман ҳар коре, ки мекунам, хуни тоҷикии ман дар он бозӣ мекунад. Ва худам ҳам мегӯям, ки ҳар асаре, ки ба саҳна меорам ва ба ҳар коре, ки даст мезанам, ҷузъи Тоҷикистонро дорад. Илова бар ин барои онҳое, ки Тоҷикистонро намедонанд, дар бораи кишварам нақл мекунам ва нақши як роҳбаладро ҳам иҷро мекунам.
-Тоҷикистон барои шумо чӣ аст?
-Модарам, падарам ва бародарам, ки ин ҷоянд… ва хотираҳоям. Дар ҳоли ҳозир дигар ҳеҷ…
-Баъзеҳо мегӯянд, ки Базру созишгар нест…
-Ин ҳарфи ахмақона аст… инро кӣ мегӯяд?
-Инро ба он асоснок мекунанд, ки зуд – зуд театрҳоро иваз мекунед…
-Иваз кардан маънои онро надорад, ки бо мардум кор карда наметавонам. Маро даъват мекунанд, бинобар ин меравам. Дувум, ман ҳеҷ гоҳ дар штати ягон театр набудам ва ҳамеша бо контракт кор мекардам. Ҳамон замоне, ки контрактам ба охир расид, баромада мерафтам. Ман 5 сол дар Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ кор карда, берун набаромадам ва бад ҳам кор накардам. Он ҷо спектаклҳои нағз ҳам гузоштам. Ягона театре, ки аз болои ман ба номи Президент мактуб навиштанд, 19 нафар асосгузорони Театри ҷавонон буданд. Онҳо навиштанд, ки ман омадам, ки театри онҳоро барҳам диҳам ва душмани онҳо ҳастам. Ва аҷибаш он аст, ки он 19 нафар алоҳида аз ман узр пурсиданд ва гуфтанд, ки ин дасисаро кӣ сохтааст…
Бо театри тоҷик чӣ шуд?
-Барои фаъолияти театри хуб чӣ лозим?
-Идея, пул ва командаи хуб…
-Мо идея надорем, маълум, ки пул ҳам… Оё командаи хуб дорем?
-Не, команда ҳам нест… Зеро онҳое, ки буданд, парешон ва рӯҳафтодаанд.
-Чӣ шуд бо театри тоҷик?
-Чӣ шуд бо маориф? Чӣ шуд ба тиб?… Бо театр ҳам ҳамон шуд.
-Кадом давра барои театри тоҷик хуб буд?
-Аз соли 1963 то 1969, вақте ки роҳбари театр Александрин буд. Қуллаи театри тоҷик аз соли 1987 то соли 1991 аст. Дар ин чор сол театри тоҷик ба театри ҷаҳон як дарси хубе дод: Фаррух Қосим, Валерий Аҳадов, Тоҳир Баҳромов, Шавкат Халилов, Давлат Убайдуллоев, Мирзоватан Миров… Мо қариб 7 коргардони сатҳи ҷаҳонӣ доштем.
-Бубинед аксари онҳое мегӯед, ҳастанд аммо театри хуб нест! Чаро?
-Ин ҷо маҷбурем ба сиёсат гузарем, ки намехоҳам. Мо бояд ба инобат гирем вазъи ҷумҳуриро дар ин 25 сол, мо бояд донем, ки чӣ касоне вазири фарҳанг буданд ва чиҳо карданд. Бояд ба назар гирем, ки директорон ва саррежиссёрони театрҳо киҳо буданд… Қашшоқӣ ва беэътиборӣ ба театрро ба инобат гирем… Даҳҳо сабабе ҳаст, ки театрро ба назъ оварданд…
Аз ҷаҳон кумак пурсед!
-Чӣ кор бояд кард, то ки театр эҳё шавад?
-Роҳи ягона баргаштан ба солҳои 30-юм аст, зеро дигар мо ресурс надорем, дигар идея ва режиссёр нест… Роҳи ягона рӯй овардан ба режессураи ҷаҳонӣ аст. Бубинед, се театри ҷаҳонии Русияро литвониҳо идора мекунанд: Римас Туминас роҳбари Театри ба номи Вахтангов, ки дар ҳоли назъ буд ва ҳоло театри рақами яки ҷаҳон аст; Миндаугас Карбаускис – Театри ба номи Маяковский ва Каме Гинкас Театри Тамошобини ҷавони Русияро идора мекунанд ва ин театрҳоро эҳё карданд. Русия, бо он ҳама режиссёрҳои бузург ва мактаби бузург ба Литва, Гурҷистон, Аврупо ва ҷаҳон муроҷиат мекунад, то ки сатҳи театрашро нигоҳ дорад. Мо ҳам бояд аз ҷаҳон кумак пурсем. Барои ин қадами ҷиддӣ лозим ва хоҳиши доштани театр. Зеро имрӯз дар Тоҷикистон театр вуҷуд надорад, ин галочка аст, театри берӯҳ ва нолозим. Инро ҳама ҳам дар дохили театр ва ҳам дар беруни театр медонанд. Онро якбора баста наметавонанд, ва онро доштан ғайриимкон аст. Агар ин театрҳоро банданд, фоидааш зиёд аст, зеро чизе ки дар саҳна гузошта мешавад, мардуми бе ин ҳам харобшударо харобтар мекунад. Кассе, ки як бор остонаи театрҳои Тоҷикистонро мекӯбад, ӯ театр, адабиёт ва мусиқиро абадан бад мебинад. Ҳар рӯз мо 400 нафар тамошобинро аз даст медиҳем. Ҳар рӯз 400 донишҷӯ, ки иҷборан ба театр меоянд, баъди тамошои намоишҳои сусту берабт ва орӣ аз ҳар гуна назокат дигар ҳаргиз остонаи театрро намекӯбанд. Кассаи театр кушода, аммо касе намеояд… Ин воқеият аст. Барои ҳамин бояд аз хориҷа режиссёр даъват кунем, мисле ки як замон Мителман, Александрин ва Детсикро даъват карда будем. Ман пешниҳод мекунам, ки роҳбарон ва саррежиссёронро низ аз хориҷа даъват намоем ва барои 3 ё 5 сол бо шартнома кор кунанд ва ман ба шумо кафолат медиҳам, ки баъди 5 сол вазъи театр ба куллӣ тағйир меёбад.
-Мо аллакай дар Театри опера ва балет ин таҷрибаро кардем.
-Ман вазъи Театри операро намедонам, зеро Театри опера дигар чиз аст…
Актёри халқӣ, маънои актёри хубро надорад
-Оё дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҳам мушкили набудани тамошобин ҳаст?
-Не. Дар театри «Жас саҳна»-и Қазоқистон, ки ман кор мекунам, чипта бо пули тоҷикӣ 150 сомонӣ аст ва ҳар рӯз тамошобин дорад. Мо касеро маҷбуран намеорем, Театри ба номи Авезов ҳам ҳар рӯз тамошобин дорад. Дар Тошканд ман ҳар рӯз ба Театри миллии Ӯзбекистон мерафтам ва ҳар вақт меомадам толораш пур буд. Аз як гӯшаи саҳна истода, ман тамошобинро нигоҳ мекардам, онҳо хеле либоси озода доранд ва бошавқ тамошо мекунанд, яъне пода нестанд… Барои ин ҳукумати Ӯзбекистон хеле кор кардааст. Президенти Ӯзбекистон барномаи рушди театрро таҳия карда, як театрро ба як бонк вобаста кардааст, ки имрӯз самар медиҳад. Театри ин кишварҳо бо Тоҷикистон муқоисанашаванда аст. Театри як замон машҳури ба номи Лоҳутиро бинед, Театри ҷавонон…Театри Маяковский имрӯз нест… Дар бораи музофотҳо умуман гап намезанем, зеро ҳоҷати гап ҳам нест. Аммо аҷиб он аст, ки инро ҳама медонанд, аммо касе онро тағйир доданӣ нест, касе кор кардан намехоҳад.
-Дар сурати даъват шудани режиссёр аз берун оё актёрони нағз дорем, ки бо онҳо кор кунад?
-Актёри нағз аз режиссёри нағз мебарояд. Актёрро режиссёрро тарбия мекунад. Вақте меояд, албатта 5 актёри нағз меёбад ва ин 5 нафар театрро зинда мекунад. Театри Камол ҳам 5 актёри нағз дораду Алмаатову Маскав ҳам. Дар тамоми дунё чунин аст. Ин 5 нафар театро мекашад. Актёр аз паси дубляж намедавад, тӯй намегардад, балки барои ҳадафӣ олӣ – барои театр кор мекунад. Аммо бубинед, ки дар Тоҷикистон аз сабаби набудани режиссёр ва театри хуб даҳҳо сол актёрон кор намекунад, зинда ба зинда нобуд мешавад. Даҳҳо сол кор намекунанд, ба саҳна намебароянд ва агар ҳам баромаданд, энергияву вақташон ба асарҳои сусту бемаънӣ мегузарад. Бинобар ин, онҳо бе энтузиазм ҳафтае як бор меоянду дар саҳна ин тараф он тараф гашта, бармегарданд ба хона то ҳафтаи дигар…
-Мушкили дигари мо ин аст, ки актёрони хубамон даҳҳо сол бекоранд ва нақш намебозанд, ҳатто актёрони халқӣ…
-Медонам, аммо «халқӣ» буданд маънои актёри хуб буданро надорад. Ин фаҳмиши нодуруст аст. Аксаран актёрони хуб бе унвон ҳастанд дар кишвари мо. Аммо ин фоҷиа аст, онҳо омодаанд, ки бо маоши кам рӯзу шаб кор кунанд. Ба онҳо режиссёри хуб ва озодӣ лозим… Дар кишвари ман театр сохтан мумкин, фақат имконият ва озодӣ додан лозим. Зеро театри хуб ҳамеша озодӣ мехоҳад, мехоҳад ба ҳар ҷо дахл кунад. Театри хуб мисли кӯдак аст: ӯ ба ҳар ҷо сар мехалонад, ба оби ҷӯш наздик шуда, ба розетка даст мерасонад. Театр ҳамин гуна як мавҷуд аст. Агар мехоҳед, ки театри хуб дошта бошед, ба ӯ чунин имкониятро диҳед, агар мехоҳед, ки мисли имрӯза мазори бешафоат бошад, онро идора кунед, сензура гузоред. Имрӯз театрро онҳое идора мекунанд, ки онро умуман намефаҳманд, бунёдкор нестанд, идея надоранд. Ё имрӯз дар шӯрои бадеии мо киҳоянд ва оё ин шӯро лозим аст? Онҳое, ки театрро умуман намедонанд. Онҳо барои он меоянд, ки фақат ба ҳарфҳо гӯш карда, эрод гиранд: ин ҷумларо нагӯед, ин меранҷад, онро нагӯ, ки хато мефаҳманд. Будани чунин театр оё лозим аст? Не, албатта, беҳтар аст онро бандед ва пулашро ба кори зарурӣ, масалан ба Роғун сарф кунед.
Ман ба Тоҷикистон лозим нестам!
-Шуморо, бо вуҷуди он ки солҳои охир дар Тоҷикистон нестед, аз театр ҷудо карда намешавад. Зеро падару модаратон – Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова тамоми умри худро ба театр бахшидаанд, умри шумо ҳам дар театр гузашт.
-Бале, ҳамин тур аст.
-Агар шуморо даъват кунанд, дар саҳнаи тоҷик кадом спектаклро мегузоред?
-Агар даъват кунанд, ман бояд омӯзам. Ман бояд донам, ки кадом театр аст, чанд актёр дорад, чанд духтару чанд ҷавон, синну солашон чӣ гуна аст ва ғайраву ғайраву ғайра…
-Оё ба Тоҷикистон баргаштанӣ ҳастед?
-Ин аз ман вобаста нест. Ман аз Тоҷикистон нарафтаам. Ман барои кор рафтаам, барои он ки кори ман барои касе лозим аст. Ҳоло барои Тоҷикистон ман ва кори ман лозим нест… Аммо гумон мекунам, ки ба театри тоҷик баргаштани ман дигар маънӣ надорад. Барои баргашта театри Тоҷикистонро эҳё кардан камаш 5 соли умр лозим аст, 5 соли тӯлонӣ ва душвор…
-Дар «Жас саҳна» ҳоло болои кадом асар кор мекунед?
-Ҳоло дар «Жас саҳна» як режиссёри дигарро даъват кардам ва ӯ болои асари Шекспир кор мекунад. Баъди бозгашатам, ман меравам Ереван ва он ҷо намоиши «Тарма»-ро намоиш медиҳем. Баъди ин ба Санкт-Петербург ва пас аз он дар Остона бояд асари Брехтро гузорам. Пас аз ҳамаи ин бармегардам ба «Жас саҳна» ва Худо хоҳад, ягон асари нағзро таҳия мекунам…
-Ба шумо барор мехоҳам…
Мусоҳиб Одили Нозир, «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ