Ҷон Поммершейм сафири нави  Амрико  дар Тоҷикистон мешавад

Президенти  Амрико Доналд Трамп  ба вазифаи сафир дар Тоҷикистон номзадии Ҷон Поммершейм (John Mark Pommersheim)-ро пешниҳод кардааст.

Ӯ дипломати касбӣ буда, айни замон дар Сафорати ИМА дар Қазоқистон фаъолият дорад. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи сафед дар ИМА хабар медиҳад. Қабл аз фаъолият дар Сафорати ИМА дар Қазоқистон Поммершейм ба сифати консули генералии ИМА дар Владивосток (Русия) ва шаш намояндагиҳои ИМА дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Чин ва Япония ифои вазифа намудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Бакнелл, Донишгоҳи Колумбия ва Донишкадаи давлатии забони русии Пушкин бо стипендияи Вазорати мудофиа аст. Поммершейм забонҳои русӣ, олмонӣ, японӣ ва чиниро медонад. Таъини сафири навро дар Тоҷиикстон бояд сенати ИМА тасдиқ намояд. Айни замон Кевин Коверт ба сифати иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон кор мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *