Суғд: Ҳамлаи сагу гурба кам шудааст

   Соли гузашта 4590 ба нафар сокинони вилояти Суғд ҳайвонҳои хонагиву ваҳшӣ газида осеб расонидааст. Бино ба иттилои Раёсати тандурустии ин вилоят ҳолатҳои захмбардорӣ аз дандони ҳайвон дар ноҳияҳои Ашту Айнӣ ва шаҳри Хуҷанд зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Ва соли 2016 нисбат бо соли 1015 ҷонварони намуди саг ва гурба камтар  сокинони Суғдро газида осеб расонидаанд.

Аз рӯи таҳлилҳо бештар сокинони ин шаҳру навоҳии шимолии Тоҷикистон аз дандони сагу гурба захм бардоштаанд. Гуфта мешавад, ки соли гузашта назар ба соли 2015 356 ҳолати осеб дидани сокинон аз газидани ҳайвон дар ин вилоят кам шудааст.  

                                                                                                                                                  Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *