Ташкили фоҳишахона, мошиндуздии ноболиғ ва дигар хабарҳои ВКД
Даромади муфт аз ҳисоби ташкили фоҳишахона
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитси ҷавони 19-солаи сокини кӯчаи Осимии пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, 21-уми феврали соли 2019, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: ҷавони 19-сола ва зани 30-солаи сокинони пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.
Ҳалокати пиёдагард дар садамаи нохуши нақлиётӣ
24.02.с.2019, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нисан-Зефира”, Акобиров Сироҷиддин Музафарович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Мӯъминобод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди шахсияташ номаълум тахминан 40-45 сола, ки роҳи мошингардро аз тарафи чап ба рост мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа марди шахсияташ номаълум ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Барои муайян намудани шахсияти пиёдагард чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Ошкор шудани ҷиноятҳои силсилақаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт марди 32-солаи сокини кӯчаи Телмани шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи декабри соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 713-тонна хокаи ангишт, ҷамъ ба маблағи 142.600-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Тафтишот муайян намуд, ки худи ӯ моҳи декабри соли 2015, бо ҳамин роҳ ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Қубодиён даромада, барои тиҷорат аз ӯ 276.000-рубли русиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин номбурда моҳи декабри соли 2015, бо ҳамин роҳ ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри зикргардида даромада, аз ӯ 20.000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Дуздии воситаи нақлиёт аз ҷониби ноболиғ
Ба мақомоти милитсия марди 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори шаҳри Ҳисор дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 25-уми феврали соли равон, тахминан соати 06:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҳавлии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки арзишаш 20.000-сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор ноболиғ, писарбаччаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин шаҳрро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ