Душанбе: Баргузории озмуни «Сайри гули лола»

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 25 феврал дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар додаанд қарори мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ба тасвиб расидааст.

Ба иттилои манбаъ, озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ гузаронида шуда, дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст карда мешавад.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмун ва то 18 марти соли 2019 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *