Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таваллудхонаи №1-и Душанбе модару кӯдакро ба гарав гирифт

Таваллудхонаи №1 шаҳри Душанбе модару кӯдаки навзодашро ба хотири пардохт накардани шодиёна ва баъзе хизматрасониҳои тиббӣ, ки аслан ройгон мебошанд ба гарав гирифтанд. Дар ин бора партали “Пайк” хабар медиҳад.  

Манбаъ хабар медиҳад, ки Бобоева Раҷаббӣ, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Истиқлол-1 ба редаксияи манбаъи зикр гардида занг зада шикоят, кардааст ки табибони таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе  келинаш Бадриддинова Миҷгонаро якҷо бо тифли навзодаш ба гарав гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки дар як ҳафтаи бистарӣ будани келин хонадони Бобоева Раҷаббӣ мувофиқи талаби табибон маблағи 1000 сомонии пасандози хонаводаро пурра бурда ба табибони гуногун супурдаанду то ҳанӯз гӯё хароҷот тамом нашудааст ва табибон барои ҷойи хоб, хӯрок, шодиёнапулӣ боз пул талаб доранд. Хонаводаи мавсуф камбизоат будаанд, аз ӯҳдаи пардохти маблағҳои боқимонда талабкардаи табибони Таваллудхонаи №1 намебароянду келинаш якҷо бо кӯдак дар таваллудхона ба ҳайси гарав боқӣ мондаанд.

-->

Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Манижа 09.06.2020 14:18

    Хамаи таваллудхонахо хамин ахвол аз аввал ин пулгири буд ва мемонад ман соли 1998 якум фарзандам ба хамин ахвол буд соли 2009 дуюмаш ба боз бадтар пулруени буд хозир тасаввур карданаш мушкил чи хол бошад…..

  2. Раъно 09.06.2020 15:22

    Ин амалҳо аз ҷониби ҳамшираҳои шафқат ва махсусан момадояҳо хело вақт аст идома дорад на танҳо дар таваллудхонаи 1-Душанбе дар тамоми Ҷумҳури ҳол ҳамин аст,то духтур,ҳамшира,санитарка,дигару дигар то пеши дар меистодаги занро рози накуни.. яъне пул надиҳи аз таваллудхона баромадан мушкил.Инро ҳама хуб медонад,ки кор ҳамин аст.

  3. Оймахмад 09.06.2020 16:57

    Лаьнат ба он табибоне,ки табобатхое,Ки бояд бепул бошанд шарм надошта пул мегиранд.Агар ягон Ахли оилаатон ба ин хел холат дучор ояд,пас мефахмед,ки ончи,Ки дар матбуот мехонем,Ки хангоми таваллуд ва табобат кудакони навзод бепул АСТ тамоман дуруг,дуруг,дуруг аст.Ман барои ин ба яке аз табибон тез шудам.

    • Sitoish 10.06.2020 12:19

      Суоле ба миён меояд. Оё ба ном журналист пеш аз маводро нашр кардан холати вокеъиро тахлил кард?.У хабар дошт ки кудак як килаграм вазн дорад?.У медонад,ки у кудак хукук ба хаёт дорад?.Медонад,ки ба гарав гирифтан чиноят аст?…..

    • Парвина 10.06.2020 13:28

      Дар тавалудхонаи 1 дар вип палата 1200 сомон хамаи чиз дохил мешавад лекин аз мо 3800 сомон гирифтанд

  4. Maruf Azimov 10.06.2020 08:23

    100%рост мега ҳаст ҳаминхел ҳолатҳо бисёранд аз 1 ошёна то 2ма мисли сартароши сум часпонда мерай санитаркаш ҷидо ахраннаш ҷидо медсестрош бе ҳисоб бо ак ку бфаҳманд лойдории тамомм

  5. Юнус 10.06.2020 08:27

    Айби духтур нест..порахурора нест каран даркор!!!

    • Сулхия 11.06.2020 12:59

      Акнун табибон худашона сафед мекунанд, лекин баъзе хамширахо агар як хизмат кунанд монанди гадо хам пул хам хурок талаб мекунанд аз беморон.

  6. Шоҳона 13.06.2020 17:49

    Ростӣ, чандин маротиба ба духтурони ин дармонгоҳу таваллудхона муроҷиат кардаам. Намедонам барои чӣ бо ман шахсони хуб рӯ ба рӯ меомаданд ҳамеша. Муомилаи хуш менамуданд. Байни духтурон духтурҳои савобкоре, ки ҳатто бидуни пул камбағалҳоро табобат кардаанд, вуҷуд доранд, ки банда худ шоҳиди чунин воқеаҳо будам чанд бор. Бояд тазаккур дод, ки вақте номи як дармонгоҳро пурра сиёҳ менамоем,набояд фаромӯш кунем, ки дар он макон духтуроне, низ ҳастанд, ки дар ҳақиқат ба касби худ содиқанду мехоҳанд ба мардум фақат кӯмак намоянд. Барои саломатии ҷомеаи мо чи қадар ҷонбозиҳое мекунанд. Хусусан дар ин рӯзҳои вазнин, ки хатари гузаштани коронавирус ҳаст, духтурон қаҳрамонҳои планетаи мо ба ҳисоб мераванд гӯем ҳам, хато намешавад. Бо музди ночизе табибон ҷони худро дар хатар гузошта ҳафта ҳафта дар карантин менишинанд. Ба фикрам ба қадри меҳнати онҳо расидан лозим аст, на ин ки як маълумотро нафаҳмидаву насанҷида санг задан ба ҳоли онҳое, ки ба фикри солим гардонидани ҷомеаи мо ҳастанд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.