Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тестҳои бесаводона. Кӣ пеши роҳи онро мегирад?

Солҳои охир сафи олимтарошон дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ чунон зиёд шуда истодааст, ки рӯи рафҳои мағозаҳои китобфурӯшӣ аз дастурҳои тестии онҳо барои довталабони мактабҳои олиамон пур шудаанд. Бисёри онҳо ба барномаи таълими фанни ҳуқуқшиносӣ дар мактабҳои миёна мувофиқат намекунанд ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ саропо бесаводонаанд.

Дар ин тестҳо ҳатто одитарин фаҳмишҳои ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ ғалат нишон дода шудааст. Мисол, дар тестномаи гурӯҳи устодони Донишгоҳи миллиамон Э. С. Насрудинов ва дигарон «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи инсон», ки соли 2013 чопхонаи ин донишгоҳ ба табъ расонидааст, муаллифон Президентро мақомот эълон карда, шаклҳои моликият ва ҷавобгарии ҳуқуқиро надониста, ҷавобҳои пурра хато овардаанд. Дар тестномаи муаллифон Шонасридинов Н. ва Маҳмудов М.А. (Душанбе -2002) шаклҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва сохтори судии ҷумҳурӣ нопурра сабт гардидаанд. Дар саволномаи дигар муаллиф раисони ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо, вилотяҳоро мақомоти қонунгузар эълон намудааст. Яъне муаллифони ин тестномаи бесавдонона мақсади саводноккунии аҳолиро не, мақсади фоидаи муфт ба даст овардан доранд.

Маълум аст, ки ин гуна тестномаҳо аздусар ҷавонони довталабу аҳолиро ба роҳгумӣ, ба сарсониву саргардонии беҳуда ҳидоят менамоянд.  

Бо мақсади аз роҳгумӣ раҳо додани довталабони донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, оё  шумо имконият доред, ки пеши роҳи чопшавии ин тестномаҳои бесаводонаро гиред? Метавонед, ки бо истифода аз имконоти худ ин гуна тестномаҳоро омӯхта, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кунед, ки аз ин ба баъд чопи ҳамаи тестномаҳоро бе иҷозатномаи хаттии идораи шумо манъ намоянд?

Абдуҷалил Юсуфов,

корманди фахрии Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.