Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи 16 июн 2020, сешанбе

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба роҳбарияти муассисасаву идораҳо муроҷиат кардану иваз кардани ҷойи корро маслиҳат намедиҳем. Аз субҳи содиқ нофаҳмиву низоъ табъатонро хира мегардонад. Ба моҷаро дода нашавед. Агар худро ба даст гирифта тавонед, дар ҳама ҳолат бурд мекунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз обрӯву нуфузатон дучанд мегардад. Бо мушкили хурди оилавӣ ва рафъ намудани мушкилоти молиявӣ дучор мегардед. Эҳтимол як қисми маблағи худро аз даст медиҳед ё маблағеро, ки интизораш будед, ба даст оварда наметавонед.  Пайдо шудани дарди сар нишонаи хастагиятон аст.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Рӯзи хубест барои робита бо шарикони корӣ, илмомӯзӣ ва оғози кори нав. Эҳтимол як қисми маблағи худро аз даст медиҳед ё маблағеро, ки интизораш будед, ба даст оварда наметавонед. Эҳсосоти худро назорат намоед, вагарна дучори душвориҳо мегардед. Ба саломатии худ ва наздиконатон бодиққат бошед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бо вуҷуди сар задани вазъияти ногаҳонӣ муносибати худро бо атрофиён ба роҳ монда, вазъи молиявиро беҳтар месозед. Аз матонат ва дурандешии шумо муваффақияти коратон вобастагӣ дорад. Нуқтаи назари шуморо нафаре, ки дӯстатон медорад, бесаброна интизор мегардад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Аз субҳи содиқ интизори нофаҳмиву муноқиша бо атрофиёнатон бошед. Кӯшиши нафареро дастгирӣ кардану хоҳиши роҳбарӣ доштанатонро роҳбарият хуш қабул намекунад. Нақшаву мақсади аниқ надоштанатон боиси парешонҳолӣ ва дар рафтори худ беэътимод буданатон мегардад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи бебарорест барои робита бо ҳамкорон, таҳсил ва оғози кори нав. Нофаҳмиву хурдагириҳои атрофиён маънои онро дорад, ки дар роҳатон монеа эҷод кардан мехоҳанд. Руҳафтода набошед. Эҳтимол наздикон аз шумо кӯмак мепурсанд. Вазъи саломатиятон аз тарзи хӯрок хӯрданатон вобстагӣ дорад.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи бобарор аст. Қобилияти баланди корӣ дар рафъ намудани тамоми корҳоятон, хусусан дар коре, ки диққати зиёдро талаб мекунад, мадад мерасонад. Даромади пулӣ имкон дорад. Барор дар муносибатҳои шахсӣ низ ҳамсафари шумо мегардад. Ҳунару маҳорати шуморо имрӯз қадр мекунанд

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз хотиратон парешон ва асабатон ноором мегардад. Мушкилоти хурди рӯзгор ва масъалаҳои молиявӣ шуморо бештар азият медиҳанд. Барои сарфаҳм рафтани вазъият душворӣ мекашед, зеро на вақту на қуввататон басандагӣ намекунад. Баъди нисфирӯзӣ ба кӯдакон диққати бештар диҳед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз робитаро бо шарикони нави корӣ ба роҳ монда, тамоми ҳунару маҳорати худро нишон дода метавонед . Обрӯву нуфузатон баланд мешавад. Маблағи пулие, ки дар даст доред, то охири моҳ расонданатон лозим аст, вагарна азоби бепулӣ мекашед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Агар шумо ба сафар баромаданӣ бошед ё худатон мошин меронда бошед, дар роҳ боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштану рух додани садама вуҷуд дорад. Бо ишқварзӣ машғул шудан дар ин рӯз маслиҳат дода намешавад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Рӯзи бебарор аст, нерӯи ҳаётиятон паст мегардад. Аз хариди калон ё амалиётҳои иқтисодие, ки боиси маблағгузорӣ мегарданд, худдорӣ намоед. Таваккал кардану ба ҳиллаву найранг роҳ додан маслиҳат дода намешавад. Ба вохӯриҳои тасодуфӣ роҳ надиҳед.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Барои истироҳати бофароғат рӯзи муосид аст. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, қувваи кории худро ба инобат гиред. Кӯшиш намоед, ки дар ин рӯз бемор нашавед, вагарна дар табобат душворӣ мекашед. Шахсеро, ки дӯст медоред, бо рашки бемаврид ҷонбезор накунед.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.