Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон гирифторони коронавирус ба 32 нафар расид

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то имрӯз, 2 май дар қаламрави Тоҷикистон 32 ҳолати гирифтори бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Ба қавли манбаъ, 17 мавриди он дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд мебошад.

Ин ниҳод изҳор доштааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. «Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст», — омадааст дар изҳороти Вазорати тандурустӣ.

Аммо вазорати тандурустӣ чанд нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расиданд ё шифо ёфтанд, хабар надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *