Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро Википедияи Тоҷикӣ аз дигар фаслҳои забонии Википедия қафо мондааст?

15 январи соли 2001 Википедияро Ҷими Вейлс ва Ларри Сенгер бо номи wikipedia.com ба шабакаи Интернет васл карданд. Википедия дар миёни сомонаҳои ҷаҳонӣ аз рўи миқдори корбарон дар ҷойи 5-ум қарор дорад. Ҳар моҳ ба сомона қариб 480 миллион нафар одамон ворид мешаванд.

Дар дохили ин донишномаи ҷаҳонӣ 27 январи соли 2004 бахши тоҷикӣ таъсис ёфт ва имрӯз бо зиёда аз 100 000 мақола дар ҷои 64-ум қарор дорад.

Дар остонаи рӯзи таъсиси Википедия мо бо яке аз мудирони фаъоли Википедияи тоҷикӣ Дӯстмуроди Саид ҳамсуҳбат шудем ва нахуст сабаби дар ҷойи 64-ум будани бахши тоҷикиро пурсидем.

— Сабаби асосии пешрафт ва рушди фаслҳои забонии Википедия, шумораи гӯишварон ва донандагони он забон ва хат мебошанд. Донандагони забони тоҷикӣ бо хатти кириллӣ дар қиёс бо дигар забонҳо чандон зиёд нестанд ва он ҳам бошад тоҷикони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд. Тоҷикони Афғонистон бошад, вироишоташонро дар бахши Википедияи форсӣ анҷом медиҳанд. Дигар ин ки маводи илмии тоҷикӣ дар интернет бениҳоят кам аст. Аксари мақолаҳои дар вебгоҳҳо нашршуда ба сиёсатҳо (талабот ва шароит)-и Википедия мувофиқ нестанд ва дар сурати истифода аз онҳо, бинобар исботпазир ва қобили истинод набудан, аз ҷониби мудирон дарҳол ҳазф мешаванд, — шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Мутаассифона, теъдоди нафароне, ки ба бахши тоҷикии Википедия мақола ворид мекунанд, хеле кам ҳастанд. Дӯстмуроди Саид инро ба надонистани забони барнома рабт медиҳад:

“Бештари нафароне, ки дар Википедияи тоҷикӣ саҳмгузорӣ мекунанд, ба қонунҳо ва фарҳанги донишноманависӣ ошно нестанд ва забони «вики» — ро намедонад, ки ин боис мешавад мақолаҳо бо сифати паст, бидуни шаблону модулҳо ба Википедия гузошта шаванд.”

Ба гуфти ин корбари википедияи тоҷикӣ хизматрасонӣ дар ин донишмномаи электронӣ комилан ройгон аст:

“Википедияи тоҷикӣ, мисли ҳамаи бахшҳои википидия барои гузоштани мақола ҳаққи қалам намедиҳад. Муҳимтарин ва ягона ангеза барои корбарони тозаворид, завқу хоҳиш ва ҳиссӣ кунҷковӣ аст.”

Ҳамчунин, Википидия барои корбарони фаъол ва мудирон ҳатто ҷоиза ва ҳавасмандие ҳам ба назар нагирифтааст. Ягона василаи ҳавасмандкунӣ Викивохӯриҳо аст, ки википидянависони фаъолро ба ҳам меорад. Викивохӯриҳо ҳамасола бо мусоидати китобхонаву донишгоҳҳо ва дигар марказҳои илмию фарҳангӣ сурат мегирад. Чунин вохӯриҳо бештар дар Русия баргузор мегардад. Инчунин, дар мисоли Русия метавон «Ҷоизаи Рунет»-ро дар муддати беш аз 10 соли охир мушоҳида кард, ки боиси пешрафт ва ҳавасмандии корбарону дастандаркорони Википедияи Русӣ гардидааст.

Дӯстмуроди Саид пешниҳод мекунад, ки ҳавасмандӣ ва викивохӯриҳо дар Тоҷикистон низ баргузор шавад, зеро ин боиси афзудани теъдоди муаллифон дар Википедия хоҳад шуд.

“Шояд идораҳои марбут ба интернету ВАО ҷоизаеро ба монанди «Ҷоизаи Рунет» бо дарназардошти мавҷуд будани сомонаи донишномаии бузурге бо номи Википедияи тоҷикӣ ба роҳ монанд”- тавсия медиҳад ӯ.

Дӯстмуроди Саид аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки бо вуҷуди 27,627 корбар қисми зиёди онҳо фаъол нестанд ва бахшҳои википедяи тоҷикиро пур намекунанд.

“Айни замон устоди донишгоҳ Шӯҳрат Саъдиев, забоншинос ва фаъоли ҷомеа Умед Ҷайҳонӣ, як нафар омӯзгор ба номи Тӯйчибой Мадаминов, Иброҳим Рустамиён яке аз муассиони Википедияи Тоҷикӣ ва чанд нафар корбаронин дигар ба номҳои мустаори Оҳангар, Тоҷик Материалист, Тоҷик Довуд ҳастанд, ки маҳз тавассути хидмати онон имрӯз Википедияи тоҷикӣ такмилу вироиш мешавад. Дигар корбарон комилан фаъол нестанд ва баъзеашон ҳатто боре ҳам мақола ворид накардаанд”.

Бо вуҷуди нуқсонҳое, ки Дустмуроди Саид номбар кард, Википидияи тоҷикӣ имрӯз фаъол аст ва ҳар нафар метавонад муаллифи он ва ба ин васила, барои шинохти бештари тоҷикон дар фазои маҷозӣ мусоидат кунад.

Барои ин, ниҳодҳои дахлдорро мебояд фаъол бошанд. Ин масъала соли 2014 ба сатҳи ҳукумат низ бардошта шуда, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон худ бевосита ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба баъзе аз ниҳодҳо ва макотиби олӣ дастурҳое барои такмили Википедияи тоҷикӣ дода буданд, аммо то ҳанӯз ба ҷуз Сарредакисияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва каму беш Академияи илмҳои Тоҷикистон дигар ҳеҷ ниҳоде то ба ҳол камтарин саҳмеро дар рушди Википедияи тоҷикӣ нагузоштаанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Шуҳрат 19.01.2020 12:20

    Дар байни википедияҳои забонии кишварҳои Осиёи Марказӣ Википедияи тоҷикӣ дар ҷойи сеюм, баъд аз википедияҳои қазоқӣ ва ӯзбекӣ қарор гирифтааст. Байни википедияҳои форсизабон (ҳамагӣ 10-то) , Википедияи тоҷикӣ ҷойи дуюмро (баъд аз форсии Эрон) ишғол мекунад.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.