Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вокуниши маориф ба парокандасозии намоишгоҳи «Мултикид»

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз иқдоми худ дар амри пароканда кардани намоишгоҳи созмони маърифатии «Мултикид» дар рӯзи 1 апрел ҳимоят кард ва гуфт, ин маъракаро муассисонаш бидуни иҷозат мехостанд барпо кунанд. Дар навбати худ вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳам кори полисро дар амри ҷилавгирӣ аз кори намоишгоҳе, ки бо пешниҳоди имкониятҳои таҳсил дар хориҷа ихтисос дорад дуруст номид ва гуфт, ки ҳеҷ қонуншикание нашудааст. Худи созмони «Мултикид», ки 18 соли охир бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам сафоратхонаҳои аврупоиву амрикоӣ ярмаркаи таҳсил дар хориҷаро барпо мекунад, бо пахши баёнияе мақомотро дар нақзи фаъолиятҳои оинномавии ин созмон муттаҳам кардааст.

Эҳсони Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, гуфтааст: “Имрӯзҳо баъзе аз ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва бидуни иҷозатнома талош мекунанд, шаҳрвандони Тоҷикистонро барои таҳсил ба хориҷа фиристанд ва ё дар ин замина бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намоянд”. Вай дар идома созмони «Мултикид»-ро дар фаъолияти бидуни муҷоз муттаҳам кард ва гуфт: “Фаъолияти ташкилоти “Мултикид” дар самти фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар ва вобаста ба он ташкил намудани намоишгоҳ пурра ғайриқонунӣ буда, ин амал сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин самт сарфи назар мекунад. Пас, суоле ба миён меояд, ки оё ташкилоте, ки ягон намуди иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолият надорад, метавонад барои баргузории намоишгоҳ ва ё фиристодани донишҷўён ба хориҷи кишвар саҳм бигирад? На!”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.